Дар мулоқоти Ш.Зуҳуров бо В.Володин иштироки ҷониби Русия дар бунёди НБО ва мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон муҳокима гардид

Ноябрь 24, 2016 16:14

Душанбе, 24.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Санкт-Петербург бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия Вячеслав Володин мулоқот намуда, масъалаи тақвияти ҳамкории байнипарлумонии Душанбе ва Маскавро мавриди баррасӣ қарор дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод.
«Эҳтироми байниҳамдигарии Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин нисбат ба якдигар сабаб гардид, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба дӯстони наздик ва шарикони стратегӣ табдил шаванд. Ҳамкории мутақобилаи кишварҳои мо дар заминаи принсипҳои боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва шарикии тиҷоратӣ асос ёфтааст» — изҳор кард Ш.Зуҳуров зимни мулоқот бо В.Володин.
«Мавҷуд будани заминаҳои фарохи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия аз муносибати неку дӯстонаи сарварони ҳар ду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин сарчашма гирифта, дар саҳнаи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ: СММ, СҲШ, ИДМ, ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ қавӣ ва мустаҳкам гаштаанд», — таъкид кард Ш.Зуҳуров.
Шукурҷон Зуҳуров дар идомаи суҳбат оид ба ҳодисаи сӯхтор, ки шаби 19 ноябри соли ҷорӣ дар вилояти Тюмен ба амал омада, боиси ба ҳалокат расидани ҳафт муҳоҷири меҳнатии тоҷик ва дар ҳолати вазнин ба беморхонаи вилоятӣ интиқол шудани боз се шаҳрванди Тоҷикистон гаштааст, изҳори нигаронӣ намуд. Зикр шуд, ки ҳалокшудагон ва ҷароҳатбардоштагон ягона таъминкунандагони хонаводаҳояшон буда, бе вайрон кардани қонунҳои Федератсияи Русия, уҳдадориҳои меҳнатии худро софдилона иҷро мекарданд.
Ш.Зуҳуров аз В.Володин хоҳиш намуд, ки таҳқиқи воқеъбинонаи ҳодиса, муайян кардани гунаҳгорон ва сабабҳои сар задани ҳодисаи нохушро таҳти назорат гирифта, ба хотири фароҳам овардани шароити матлуби корӣ аз тарафи корфармоён ва роҳ надодан ба такрори чунин ҳаводис тадбирҳои маъмурӣ андешида шаванд. Таъкид карда шуд, ки гунаҳкорони ҳодиса, ки боиси марги муҳоҷирон шудаанд, бояд тибқи талаботи қонунҳои амалкунанда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров мушкилоти муҳоҷирати меҳнатиро масъалаи муҳим ва бисёр ҳассос барои Душанбе ва Маскав маънидод карда, иброз дошт, ки қисми зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Масъалаи ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, тартиби бақайдгирӣ ва иҷозатнома барои кор аз масъалаҳои умда дар вохӯриҳои сатҳи гуногун ба шумор меравад.
Бояд гуфт, пас аз ҷорӣ намудани қоидаҳои нави қабули шаҳрвандон ба кор аз моҳи январи соли ҷорӣ як қатор мушкилоти марбут ба истиқомати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қаламрави Русия ба вуҷуд омад. Раиси Маҷлиси намояндагон изҳори умед кард, ки тамоми масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ бо роҳи мусбат ҳал мешаванд.
Дар доираи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия рушди равобит дар соҳаи энергетика мавқеи асосиро ишғол мекунад. Ҷониби Тоҷикистон иштироки ширкатҳои русиро дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла НБО-и «Оббурдон», НБО-и «Дарғ» ва НБО-и «Сангистон» дар дарёи Мастчоҳ, НБО-и «Урфат» дар дарёи Обихингов, НБО-и «Явроз» дар дарёи Кофарниҳон ва бунёди НБО-и «Фондарё» дар дарёи Фондарёро пешниҳод менамояд.
Дар мулоқоти раисони парлумонҳои ду кишвари дӯст ҳамчунин ҳамкории соҳаи маориф баррасӣ шуданд. Зикр гардид, ки дар доираи чунин ҳамкорӣ дар Тоҷикистон намояндагии муассисаҳои олӣ ва бонуфузи Русия фаъолият доранд, ки ба мактабҳои русии Тоҷикистон беш аз 25 ҳазор китоб ва ба воситаи Вазорати маорифи Тоҷикистон 50 ҳазор адад китоби дарсӣ нашр ва паҳн карда шуданд.
Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳое шомил аст, ки амният ва сиёсати муътадили он ба амният ва эътидоли ҳамаи кишварҳои минтақа таъсиргузор аст». Ин омил бояд ҳамчун заминаи муҳим барои муносиботи мутақобила бо назардошти манфиатҳои ҷониби Тоҷикистон дар мавриди тақвияти сарҳади ҷанубии ИДМ, муҷаҳҳазгардонии техникӣ, навсозӣ, назорат ба ҷараёни муҳоҷират, ҷалби сармояи Русия дар рушди иқтисодии кишварҳо ва саноаткунонии онҳо истифода шавад. Зикр гардид, ки амалишавии лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар навбати худ метавонад ба таъмини рушди иқтисодии Афғонистони ҳамсоя ва васеъшавии бозор таъсири мусбат расонад.
Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин мавҷуд будани гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар парлумонҳои ду кишварро омили муҳим ва заминаи мусоид барои густариши робитаҳои байнипарлумонӣ арзёбӣ карда, таъкид дошт, ки барои тақвияти ин муносибот байни ҷумҳуриҳои мо ягон монеаи ҷиддӣ вуҷуд надорад ва бо таваҷҷуҳ ба решаҳои амиқи ҳамкорӣ мо метавонем ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардем.
Вячеслав Володин дар бораи самтҳои асосии ҳамкории Русия ва Тоҷикистон изҳори назар карда, гуфт: «Дар ҳақиқат, рушди муносиботи кишварҳои мо аз мавҷуд будани робитаи наздик ва дӯстии мустаҳками сарони кишварҳоямон сарчашма мегирад. Ва мо бавуҷудоварандагони фазои мусоиди қонуниву ҳуқуқӣ барои тақвияти ин ҳамкорӣ бояд талош кунем, ки ин ҳамкорӣ беш аз пеш густариш ёбанд, зеро ҳар қадами устувор дар рушди муносиботи тарафайн, чӣ дар сатҳи минтақавӣ ва чӣ дар сатҳи байналмилалӣ, аз кӯшишҳои парлумонҳои ҳарду кишвар вобастагии амиқ доранд».
В.Володин аз ҳодисаи сӯхтор, ки боиси ба ҳалокат расидани ҳафт шаҳрванди Тоҷикистон шудааст, изҳори таассуф намуда, аз Шукурҷон Зуҳуров дархост намуд, ки ҳамдардии ӯ ва намояндагони парлумони кишварашро ба хонаводаҳои марҳумон расонад. Мавсуф таъкид намуд, ки ба қазияи мазкур ҳатман дар доираи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Русия расидагӣ хоҳад шуд ва гунаҳкорони ин ҳодиса ҷазои муносиб хоҳанд гирифт.
Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия ҳамчунин иброз намуд, ки ҳанӯз аз тарафи вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои мо аз ҳамаи имконоти мавҷудаи байни ду ҷумҳурӣ истифодаи самарабахш сурат нагирифтааст.
«Мо бояд дар ин замина ҳамкориро бо мақомоти дахлдори кишварҳои худ беҳтар ба роҳ монда, иҷрои бечунучарои ин санадҳоро аз онҳо тақозо намоем,- гуфт раиси Думаи давлатии Русия ва чунин илова кард: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои пасошӯравӣ кишварест, ки шумораи зиёди шаҳрвандонаш дар қаламрави Федератсияи Русия ба ҳайси муҳоҷири меҳнатӣ фаъолият мекунанд. Мо дар ин замина кӯшиш мекунем, ки ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қаламрави Федератсияи Русия ҳифз шаванд».
Дар ҷараёни мулоқот вобаста ба авзои минтақа ва ҷаҳон, хусусан, роҷеъ ба вазъи Афғонистон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна табодули афкори судманд сурат гирифт.

Ноябрь 24, 2016 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои умдаи риёзиёт дар осори Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар шаҳри Ҳисор беш аз 4 миллиард сомониро ташкил намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, ҷумъа, 362-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар минтақаи таълимию таҷрибавии «Хуррамзамин» боғи интенсивӣ бунёд мешавад
Аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук дар Душанбе муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ пешгирӣ карда шуд
Дар Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд