Дар Суғд беш аз 900 номгўй дорувории пастсифат нобуд карда шуд
Душанбе, 03.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Давоми соли равон аз тарафи кормандони Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ дар вилояти Суғд баҳри таъмини мардум бо маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва иловаҳои фаъоли биологии хушсифат дар 559 муассисаи фарматсевтӣ, 79 муассисаи табобатию профилактикӣ, новобаста аз шакли моликияташон ва 261 мағоза, нуқтаву дўконҳои фурўши маводи ороишию гигиенӣ санҷишҳо гузаронида шуданд.
Бино ба иттилои сардори Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ дар вилоят Диловар Холов, дар натиҷаи санҷишҳо чанд номгўй молҳои тиббӣ ва маводи ороишию гигиении муҳлати истифодаашон гузашта, маводи доруворӣ ва молҳои тиббии бе сертификати мутобиқати сифат ва маводи ороишию гигиении ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгўй набуда дарёфт карда шуд.
Аз тарафи Раёсати Хадамот беш аз 900 номгўй ба миқдори 241 038 адад маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва иловаҳои фаъоли биологии муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқати сифат ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда номувофиқ сўзонида шуданд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






