Дар Вазорати фарҳанг намоиш ва фурӯши китобҳо ба ифтихори Рӯзи Президент оғоз шуд
Душанбе, 16.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 ноябр ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳни бинои Вазорати фарҳанги кишвар намоиш ва фурӯши китобҳо оғоз гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Дар намоиш китобҳои олимон ва муҳаққиқон оид ба хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқи тоҷик ва инчунин осори худи Сарвари кишвар пешкаши ҳаводорони адабиёт гардидааст»,-хабар медиҳад манбаъ.
Ба таъкиди Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, имрӯз дар саросари Тоҷикистон бори нахуст Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад ва ба муносибати ин ҷашн дар ҳама муассисаҳои театрӣ ва консертӣ, Сирки давлатии Тоҷикистон, осорхонаҳо, боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳр намоишҳои ройгон ва рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешаванд.
Баргузории барномаҳо бахшида ба ин ҷашн имрӯз дар ҳама муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангии кишвар низ дар назар аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид






