Дарёфт ва мусодираи аслиҳаи оташфишон
Душанбе, 10.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли равон 5 ҳодисаи ошкор ва ихтиёран супоридани яроқи оташфишон ба қайд гирифта шудааст.
Чунончи: 29 июли соли 2016 дар маҳаллаи Ниводаки шаҳри Хоруғ аз тарафи кормандони гумрук пинҳонгоҳ дарёфт карда шуд, ки аз дохилаш як адад таппончаи тамғаи «Макаров» дарёфт ва мусодира карда шуд.
18 июли соли равон аз тарафи кормандони гумруки Дидбонгоҳи гумрукии «Қизиларт»-и ноҳияи Мурғоб дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1994, №2 «Дар бораи ба таври ихтиёрӣ супоридан ва мусодира намудани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ аз аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» як сокини ҷамоати Р.Юсуфбеков, деҳаи Қаракули ноҳияи Мурғоб М. Х. соли таваллудаш 1986, як адад силоҳи оташфишони тамғаи «Карабин», соли бароришаш 1945-ро ихтиёран супорид.
31 августи соли равон аз тарафи кормандони Дидбонгоҳи гумрукии «Ишкошим» дар натиҷаи гузаронидани ҷорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ сокини ҷамоати Р.Юсуфбекови ноҳияи Ишкошим М. У. соли таваллудаш 1989 як адад яроқи оташфишони тамғаи «Макаров», соли бароришаш 1988-ро ихтиёран супорид.
24 сентябр соли 2016 дар дараи Зинги ноҳияи Ванҷ аз тарафи кормандони дидбонгоҳи гумрукии «Хумроғӣ» пинҳонгоҳ дарёфт карда шуд, ки аз дохилаш як яроқи оташфишони тамғаи «Белка» дарёфт ва мусодира карда шуд.
24 сентябри соли 2016 дар кишлоқи Танги ноҳияи Шуғнон аз тарафи кормандони дидбонгоҳи гумрукии «Терминал-и шаҳри Хоруғ пинҳонгоҳ дарёфт карда шуд, ки аз дохилаш як адад тапончаи тамғаи «Макаров» дарёфт ва мусодира карда шуд.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур санад тартиб дода шуда, силоҳҳои оташфишон барои ташхис ва нигоҳдорӣ ба Раёсати ВКД дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон супорида шуданд.
Бинобар набудани таркиби ҷиноят дар маводи мазкур оғози кори ҷиноятӣ қать карда шуда, нусхаи қарор ба Прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешниҳод шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






