Дастаҳои футболи Осиё аз дастаҳои Аврупо кам нестанд: Қатар-Русия-2:1

Ноябрь 11, 2016 15:23

Душанбе, 11.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дастаи мунтахаби Русия дар як вохӯрии рафиқона бо дастаи мунтахаби Қатар дар варзишгоҳи «Ҷосим бин Ҳамад Ассад»-и Қатар бо натиҷаи 1:2 мағлуб шуд.
Дар дақиқаи 5-уми бозӣ аз зарбаи пеналтӣ Александр Самедов русҳоро ба сафи пеш баровард. Капитани дастаи мунтахаби Қатар Иброҳим Маҷид дар дақиқаи 29-ум чунин имконияти баробар кардани ҳисобро аз даст дод ва ҷазои 11 метраи пеналтиро ба ҳадаф нарасонд. Аммо баъди 6 дақиқаи дигар чунин ҳолати ҷаримаи 11- метраро Буалим Хухи ба самар расонд ва ҳисоб баробар шуд. Дақиқаи 79 ум барои соҳибони майдон бобарор омад ва Карим Бузияф тӯби дуюмро ба дарвозаи Игор Акинфеев зад. Футболбозони рус имкон доштанд се дақиқа пеш аз анҷоми бозӣ ҳисобро мусовӣ кунанд, вале зарбаи Александр Кокоринро аз нуқтаи 11 метр дарвозабони Қатар баргардонд.
Ба ҳамин тартиб, дар вохӯрии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Қатар ва Русия, ки яке Чемпионати ҷаҳони соли 2018 ва дигаре 2022-ро мизбонӣ мекунанд, футболбозони Қатар бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда, нишон доданд, ки дараҷаи футболи Осиё ҳам хеле боло рафтааст. Аз тарафи дигар, таъйини 4 зарбаи пеналтӣ дар як вохӯрӣ низ ба қатори рекордҳои назаррас дохил мешавад.
Ин бохти дуюми пайдарҳами дастаи мунтахаби Русия дар бозиҳои рафиқона ба ҳисоб меравад. Пештар дастаи мунтахаби Русия дар майдонаш аз Коста-Рика мағлуб шуда буд.

Ноябрь 11, 2016 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд