Дастаи футболи «Сомон»-и Данғара аз Лигаи дуюм ба Лигаи якум баромад
Душанбе, 03.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Сомон»-и ноҳияи Данғара дар мусобиқаи Лигаи дуюми минтақаи Хатлон ғолиб омада, барандаи медалҳои тилло гардид ва соли оянда дар қатори дастаҳои Лигаи якум баромад мекунад.
Тибқи хабари сомонаи ФФТ, ҳафтаи гузашта мусобиқа дар лигаи дуюми ин минтақа ба анҷом расид, ки дар он ҳафт даста -«Сомон» (Данғара), «Дӯстӣ» (Ҷайҳун), «Арал» (Абдураҳмони Ҷомӣ), «Вахши Зарнисор» (Вахш), «Хуросон» (Хуросон), «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) ва «Парвин-2» (Бохтар) иштирок карданд.
Соҳиби ҷои дуюм ва медалҳои нуқра дастаи «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун ва барандаи медалҳои биринҷӣ «Арал»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гардиданд.
| Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | ||
| 1 | «Сомон» (Данғара) | 12 | 8 | 3 | 1 | 33-13 | 27 |
| 2 | «Дӯстӣ» (Ҷайҳун) | 12 | 8 | 1 | 3 | 22-19 | 25 |
| 3 | «Арал» (Абдураҳмони Ҷомӣ) | 12 | 7 | 1 | 4 | 29-14 | 22 |
| 4 | «Вахши Зарнисор» (Вахш) | 12 | 6 | 0 | 6 | 32-27 | 18 |
| 5 | «Хуросон» (Хуросон) | 12 | 4 | 3 | 5 | 25-29 | 15 |
| 6 | «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) | 12 | 3 | 2 | 6 | 20-25 | 11 |
| 7 | «Парвин-2» (Бохтар) | 12 | 1 | 0 | 11 | 8-37 | 3 |
Нишонзанҳо: Бахтовар Наҷмиддинов («Сомон») ва Самариддин Умаров (Вахши Зарнисор) – 13 тӯб, Умар Қурбонов (Хуросон) – 10 тӯб.








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






