Доварони Қазоқистон бозиҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Туркманистон ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунанд
Душанбе, 04.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Доварони Қазоқистон моҳи равон бозиҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро бо Туркманистон (9-уми ноябр) ва Афғонистон (13-уми ноябр), ки дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд, ҳакамӣ мекунанд.
Денис Измайлов ва Александр Алиев ба ҳайси довари асосӣ дар майдон ва Санҷар Исҳоқов бо Самат Тергеусисов ҳамчун доварони канорӣ ё худ довари ёрирасон фаъолият хоҳанд кард.
Ёдрас мешавем, ки вохӯрии байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Туркманистон 9 ноябр, соати 17:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад.
Дастпарварони Ҳаким Фузайлов бозии навбатиашонро дар ҳамин варзишгоҳ бо дастаи мунтахаби Афғонистон 13 ноябр, соати 16:00 барпо мекунанд.
Нархи чипта барои ин бозиҳо 10 сомонӣ муқаррар шудааст.








Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид






