ЭҲТИРОМИ ПАРЧАМ-ЭҲТИРОМ БА ВАТАН ВА МИЛЛАТ

Ноябрь 23, 2016 17:12

601Хоруғ, 23.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии ВМКБ бахшида ба Рӯзи Парчам ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Сардори РВКД Абдулваҳҳоб Искандарзода ҳамкорону ҳамкасбони худро бо ин рӯзи таърихӣ ва муқаддаси миллати тоҷик табрик намуда, изҳор дошт, ки «шарафу номус ва марзу буми миллати куҳанбунёди мо маҳз бо шарофати парчам аз ҳамлаи ғосибону истилогарони аҷнабӣ ҳифз шудаву то имрӯз чун як давлати соҳибистиқлол дар харитаи ҷаҳон сабт гардидааст. Миллати тоҷик дар тӯли таърих ба ягон кишвар лашкар накашидааст, аммо худ борҳо мавриди ҳамлаи аҷнабиён қарор гирифта, ҳар бор зери ливои озодӣ ва нангу номус муттаҳид гашта, хоки худ, забону фарҳанг ва расму суннати ниёгонашро бо ҷоннисорӣ ҳимоя менамуд. Маҳз ба ҳамин хотир хурду бузург ба нишони арҷгузорӣ дар баробари Парчами миллӣ ба зону мешинанд ва ва ё сар фуруд меоранд».
«Гузоштани Парчами миллӣ бо баландии 35 метр дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ дар тобистони имсол аз эҳтироми хоси шаҳрвандони кишвар нисбат ба ин рамзи муҳими давлатдорӣ башорат медиҳад»,- таъкид шуд дар ҷамъомад.
Дар ҷамъомад як гурӯҳ кормандони милитсия барои ширкати фаъол дар тамрини муштараки низомии Тоҷикистону Чин, ки моҳи сентябри соли равон дар деҳаи Шитхарви ноҳияи Ишкошим баргузор гардид, бо ифтихорнома ва медали Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ноябрь 23, 2016 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик