«Эсхата»-и Хуҷанд ғолиби Лигаи дуюми вилояти Суғд эътироф шуд
Душанбе, 17.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд ғолиби Лигаи дуюми вилояти Суғд эълон гардид. Футболбозони ин даста дар ҷараёни Чемпионат, ки дар он 9 даста иштирок кард, аз 16 вохӯрӣ дар 14 бозӣ ғалаба карда, ду вохӯриро мусовӣ анҷом доданд ва бе ягон бохт соҳиби ҷои аввал гардиданд. Барандаи медалҳои биринҷӣ ва ҷои дуюм дастаи «Спитамен» ва мақоми сеюм дастаи «Пахтакор»и ноҳияи Ҷаббор Расулов гардиданд.
Нишонзани беҳтарини Лигаи дуюми вилояти Суғд Ғолиб Додобоев бо 14 тӯб шинохта шуд.
Ҷадвали ниҳоии Лигаи дуввуми вилояти Суғд чунин аст:
| Б | Ғ | М | Б | Т/т | И | ||
| 1 | «Эсхата (Хуҷанд) | 16 | 14 | 2 | 0 | 53-10 | 44 |
| 2 | «Спитамен» (Спитамен) | 16 | 10 | 2 | 4 | 45-23 | 32 |
| 3 | «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) | 16 | 10 | 1 | 5 | 44-26 | 31 |
| 4 | «Далерон-Ӯротеппа»(Истаравшан) | 16 | 9 | 1 | 6 | 40-33 | 28 |
| 5 | «Хистеварз-Пионерпласт» (Бобоҷон Ғафуров) | 16 | 8 | 2 | 6 | 33-29 | 26 |
| 6 | «Равшан» (Зафаробод) | 16 | 5 | 3 | 8 | 27-36 | 18 |
| 7 | СОП (Хуҷанд) | 16 | 5 | 2 | 9 | 23-33 | 17 |
| 8 | «Шаҳристон» (Шаҳристон) | 16 | 2 | 1 | 13 | 13-45 | 7 |
| 9 | «Меранто» (Гулистон) | 16 | 2 | 0 | 14 | 7-50 | 6 |








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






