Футбол: роҳхати ягонаро бонувони Ӯзбекистон ба даст оварданд
Душанбе, 02.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё оид ба футбол байни бонувони то 19-сола дар гурӯҳи «Б» ба поён расид, ки дар он футболбозони ҳамсоякишвар- Ӯзбекистон ғолиб омада, ягона роҳхатро ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё, ки соли оянда дар Чин барпо мегардад, бо худ бурданд.
Дар бозии охирини худ дастаи мунтахаби бонувони Ӯзбекистон бар ҳарифи асосиаш дар ин гурӯҳ-дастаи мунтахаби Тайбейи Чин бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Тӯбро Мафтуна Панҷиева дар дақиқаи 26-ум аз зарбаи пеналтӣ ба ҳадаф расонд.
Дар бозии дигари даври сеюм футболбозони кишварамон аз дастаи мунтахаби Гонконг бо натиҷаи 1:0 мағлуб шуданд. Дар ин вохӯрӣ низ тақдири бозиро ягона гол аз зарбаи пеналтӣ ба нафъи меҳмонон ҳал кард. Пуи Ки Чунг муаллифи ин гол шуд.
Ба ҳамин тартиб дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар се бозӣ, Тайбейи Чин дар ду вохӯрӣ ва Гонконг дар як бозӣ пирӯз гардиданд.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ниҳоии бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳи «Б» дар шаҳри Душанбе чунин аст:
| Б | Ғ | М | Б | Т/Т | И | ||
| 1 | Узбекистон | 3 | 3 | 0 | 0 | 7-0 | 9 |
| 2 | Тайбейи Чин | 3 | 2 | 0 | 1 | 8-3 | 6 |
| 3 | Гонконг | 3 | 1 | 0 | 2 | 1-6 | 3 |
| 4 | Тоҷикистон | 3 | 0 | 0 | 3 | 2-9 | 0 |








Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






