Гулистон: Таъмири муассисаҳои тиббӣ ба маблағи 504 ҳазор сомонӣ

Ноябрь 1, 2016 10:58

Душанбе, 1.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бахшида ба «Соли 2016 — Соли фарди солим» аз ҷониби кормандони соҳаи тандурустии шаҳр ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим барномаҳои «Дӯконҳои саломатӣ» ва «Дӯконҳои саломатии сайёр» доир шуданд. Ин барномаҳо дар маркази шаҳр ва шаҳракҳо оид ба пешгирии бемориҳои ботулизм, камйодӣ, зуком, сил, ҳорӣ ташкил карда шуда, вобаста ба он ба аҳолӣ маълумоти муфассал пешниҳод ва маводи иттилоотӣ тақсим карда шуданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон иттилоъ доданд.
Дар давоми нуҳ моҳи соли равон ба соҳаи тандурустии шаҳр бо қарорҳои раиси шаҳр барои таъминоти иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон ва ашхоси ба онҳо баробаркардашуда 24,9 ҳазор сомонӣ, таъминоти кӯдакони то сесола ва маъюбони модарзоди то 18-сола бо доруворӣ 13,3 ҳазор сомонӣ, барои расонидани кумак ба занҳои нахустҳомила 21,5 ҳазор сомонӣ ва барои хуни бехатарии донорӣ 4000 сомонӣ маблағ аз буҷети маҳаллӣ ҷудо карда шудааст.
Аз суратҳисоби махсуси муассисаҳои тандурустӣ ба маблағи 41,6 ҳазор сомонӣ ва аз буҷети маҳаллӣ ба маблағи 119 ҳазор сомонӣ, 7,1 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби ташкилотҳои байналмилалӣ, дар маҷмӯъ, аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба маблағи 267,8 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ харида шуданд. Дар ин муддат ба маблағи 504 ҳазор сомонӣ таъмири муассисаҳои тандурустии маркази шаҳр, шаҳракҳои Консой, Адрасмон ва Навгарзан ба анҷом расидааст.

Ноябрь 1, 2016 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд