Ҳиммати Ғайрат, раиси ноҳияи Сангвор: «Ба шарофати қабули Конститутсия раванди демократикунонии ҷомеа амалӣ гардид»

Ноябрь 4, 2016 11:59

Сангвор, 04.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор бахшида ба 22-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ва барномаи консертӣ доир шуд.
Раиси ноҳияи Сангвор Ҳиммати Ғайрат иброз дошт, ки «бо шарофати қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди демократикунонии ҷомеа амалӣ шуда, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин гардид. Вобаста ба ин тамоми рукнҳои давлатдории навин дар чаҳорчӯбаи муайян фаъолият доранд. Дар ин замина вобаста ба шароит дар пешрафту тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, илм, фарҳанг, маориф ҳисса гузоштан ва пайвастани он ба арзишҳои умумибашарӣ, ки унсурҳои муҳими давлати иҷтимоӣ маҳсуб меёбанд, вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ватандӯст мебошад».
Ҳамчунин роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ва собиқадорон сухан гуфта, ҳозиринро бо ин санаи тақдирсоз табрик намуданд.

Ноябрь 4, 2016 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад