Имрӯз-Рӯзи театри тоҷик: андар боби шӯхиҳои Аловуддин

Ноябрь 7, 2016 09:15

Душанбе, 7.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Як нафар дар як саҳна бо чанд чеҳраву хислат намудор мешавад, ки бинанда аслан як нафар будани иҷрокунандаро фаромӯш мекунад. Ҳангоми бозӣ тамошобин дар саҳна аз наздик истеъдоди табиии ӯро бо парвози андешаҳову афкор, мушоҳидакориву тобишҳои гуногуни ҳунари тақлид, имкониятҳои фарохи нутқу овоз, мимикаи чашму рӯй, пар-пари абрӯвон, ҳаракатҳои шӯхи узвҳои тан, дарки ҳолату ҳодисаҳои саҳнавӣ, муносибати озоду самимӣ бо ҳамбозҳо, эҳсос ва гӯш кардану фаҳмидани ҳампеша мушоида мекунад. Ӯ дар саҳна чун меҳвар гурӯҳи эҷодиро дар атрофи хеш муттаҳид месозад.

Меъёри забон дар «шӯхӣ»-ҳо бисёр хубу баҷо риоя мегардад. Забони «шӯхӣ»-ҳо аслан адабӣ буда, лаҳҷа ва гӯишҳои мардумӣ хеле эҷодкорона ва мутаносиби мӯҳтавои барнома бамаврид истифода мешаванд.

Сабаби асосии писанди ҳамагон шудани «шӯхӣ»-ҳо маҳорату истеъдоди табиии ӯ мебошад. Барои иҷрои нақши занҳо ӯ мӯйлабҳои зебои худро борҳо қурбони теғ кардааст. Нақшҳои занонаи ӯ мисли ҳамаи қаҳрамононаш оддию самимӣ, табиию беозор, шодибахшу фараҳафзоянд. Дурахши ҳунару истеъдоди ин нафар сӯзанда не, созанда асту ба қалбҳо гармӣ ва равшанӣ ато мекунад.

Хонандаи азиз, бале, сухан дар бораи Аловуддин Абдулоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ҳунарманди Театри мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа меравад.

Аловуддин Абдуллоев, Шуморо аз номи аҳли эҷоди АМИТ «Ховар»   бо Рӯзи театри тоҷик табрик менамоем. Шумо аз нахустин ҳунармандонед, ки дар жанри «театри як актёр» нақш меофаред. Ва ё ҳаст нафаре, ки дар ҳамин равия нақш эҷод мекунад? 

-Модоме ки мо шурӯъ кардем, он идома хоҳад ёфт. Ман ҳам пеш аз оне, ки даст ба ин кор занам, қаблан нақшофарии яке аз ҳунармандони шинохтаи Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳунарманди театру синамо Игор Илинскийро медидам, ки аз рӯи ҳикояҳои Антон Павлович Чехов дар филмҳо нақши чанд нафарро иҷро мекард. Он солҳо ман донишҷӯ будам ва ба ин равия хеле шавқ доштам. Сипас, дар ёд дошта бошед, Убайдулло Раҷабов ҳам ба таври шӯхӣ  як таронаеро иҷро кард, ки дар он худашон ҳам мерақсиданду ҳам менавохтанд, вале мутаассифона, саҳнаҳои худро дар ин жанр зиёд накарданд.

-Дар саҳнаҳои Шумо нафари дигар -Маҳмадулло Кабиров ворид шуд. Оё Шумо аз ин жанр берун баромаданиед?

-Жанри ман инро иҷозат медиҳад. Маҳмадулло Кабиров бо ҳузури худ саҳнаҳои манро мукаммал мегардонад. Чанд саҳнае, ки ӯ нақш офаридааст, аз ҷониби тамошобин хеле хуб пазируфта шуданд. Чунин овозаҳо ҳам буданд, ки Аловуддин эҳтиёт шав, ки шӯҳрати Маҳмадулло  Кабиров боло рафта истодааст, мабодо ҷоятро нагирад. Ҳарчанд Маҳмадулло табиатан беморӣ дорад, вале мардум ҳунари ӯро хеле хуб қабул карданд. Ман дар бораи Маҳмадуло як филм ба навор бардоштам ва ин филм дар Фестивали байналмилалии «Дидор» соҳиби ҷоиза барои беҳтарин филми мустанад  гардид.

 -Дар интихоб ва дарёфти либосҳо ба Шумо кӣ кумак мекунад ва ин либосҳоро аз куҷо дастрас мекунед?

-Бештари либосҳо аз наздиконам, ҳамсарам ва шиносҳоям ҳастанд, аз либосҳои театр ҳам истифода мебарам. Ҳатто чунин воқеъ шудааст, ки куртаи нави ҳамсарамро аввал ман дар нақши занона пӯшидам ва ҳамсарам хеле хурсанд шуда, гуфт, ки куртаамро шумо пеш аз ман «реклама» кардед.

-Ман гумон мекунам, ки дар ташаккули шахсият ва эҷодиёти Шумо нақши ҳунарманди маҳбубу маъруфи Тоҷикистон шодравон Маҳмудҷон Воҳидов ҳаст. Шумо дар бораи эҷодиёти ӯ чӣ андеша доред?

-Мамудҷон Воҳидов яке аз устодон ва шахсиятҳои бисёр азиз ва бузурги кишвар аст. Мо аз ҳамсабақи ӯ -Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Майрам Исоева таълим гирифтем ва дарсе набуд, ки Майрам-апа дар бораи ин ҳунарманди нотакрор бо муҳаббат сухан ё нақле нагуфта бошад. Масалан, як нақши офаридаи ӯ дар филми «Рустам ва Сӯҳроб» аз рӯи асари «Шоҳнома»-ро бинед, ки як ҳунарманд чанд нақши манфиро бо маҳорат ва истеъдоди баланд  офаридааст. Аз рӯи нақлҳои М. Исоева, Мамудҷон Воҳидов ҳунарманде буд, ки шабу рӯз эҷод ва меҳнат мекард. Аз ин нақлҳо бармеояд, ки ҳар ҳунарманде, ки аз сидқи дил меҳнат мекунад, албатта, мисли устод Воҳидов ба қуллаҳои баланди санъат мерасад ва ин барои ҳунармандони мо намунаи ибрат  аст. Рӯҳи ин ҳунарманди нотакрор шод бод!

— Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?.

Дар рӯзҳои ҷашни сарнавиштсози миллат- 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли ҳунари Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов соҳиби бинои нав гардид, ки ин туҳфаи беназир аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд.

Саҳнаи марказии толори тамошобинон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ чархзананда буда, дар вақти таҳия ва пешниҳоди намоишномаҳо ороиш ва дигаргун намудани саҳна ба осонӣ сурат мегирад. Бо фароҳам гардидани чунин шароит аҳли театрро зарур аст, ки пайваста дар сафи пеши тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу инсонӣ ва густариши маърифату завқи баланди мардум қарор дошта, масъалаҳои нав ва мубрами ҳаётро дар даврони истиқлол ба миён гузорем. Тайи ду сол аст, ки ҳайати театрро ҷавон кардем, яъне қисми зиёди ҳайати эҷодиро хатмкунандагони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ташкил медиҳанд. Дар айни ҳол кормандони театр як спектакл бахшида ба 80-солагии Темур Зулфиқоров аз рӯи асари «Кӯдакии Мушфиқӣ» омода намудаанд, ки рӯзҳои наздик пешкаши тамошобинон мегардад. Коргардони асар Нигина Раҷабова буда,  нақшҳоро ҷавонони театр иҷро мекунанд.

-Таманниёти Шумо дар Рӯзи театри тоҷик…

-Ба тамоми ҳамкасбон, мухлисон ва ҳаводорони санъати театрӣ табъи болидаро таманно дорам. Мехоҳам ҳамеша толорҳои мо пур аз тамошобин бошанд, тамошобине, ки ҳакиқатан бо нияти тамошо кардан ба театр омадааст.

 Мавҷуда Анварӣ, АМИТ «Ховар»

Ноябрь 7, 2016 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»