Истиқлолият, Конститутсия ва таъмини озодии виҷдон
Душанбе, 05.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар замони ҳозира омўзиши масъалаҳои низоми ҳуқуқӣ, аз ҷумла таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон аҳамияти махсус пайдо намудааст. Ин ҷиҳати масъала ба талаботи фитрӣ, рушди ҷомеа ва арзишҳои ахлоқӣ-ҳуқуқӣ вобастагии зич дорад, зеро ҳуқуқ ва принсипҳои ҳуқуқӣ бояд дар раванди пешрафти ҷомеа ва бунёди фазои ороми он мусоидат намоянд. Ин дар ҳолест, ки дар раванди демократикунонии ҷомеаи муосир ва қабули санадҳои меъёрӣ бояд ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон риоя гарданд ва озодиҳои динии пайравони дину оинҳои гуногун эътироф карда шаванд. Чунки озодиҳои динӣ ва таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар ҳар давру замон аз ҷумлаи арзишҳои олии ҳар як ҷомеаи мутамаддини башарӣ ба шумор мераванд.
Агар мо каме ба таърих назар андозем, баъд аз пирўзии Инқилоби Октябр аз 23 январи соли 1918 Декрети Шўрои Комиссарони Халқии РСФСР «Дар бораи ҷудо будани калисо аз давлат ва мактаб аз калисо» қабул гардид, ки тибқи он ҷомеаҳои динӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ эътироф намегардиданд. Танҳо соли 1946 Қарори Шўрои Комиссарони Халқии Иттифоқи Советӣ қабул гардид, ки иттиҳодияҳои динӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ эътироф карда шуданд. Соли 1961 қарори дигаре қабул гардид, ки дар асоси санадҳои ҳуқуқии иттиҳодияҳои динии ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ муайян карда шуд. Вале ин қонунҳо ба таври куллӣ иҷро намегардид.
Дар баробари барҳам хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври қатъӣ дар таърихи 1 октябри соли 1990 «Қонуни озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» қабул гардид, ки санадҳои мувофиқкунандаи он дар дигар ҷумҳуриҳо низ қабул гардиданд.
Рушди минбаъдаи давлатдорӣ дар Тоҷикистон як қатор масъалаҳоро дар муносибат бо дин ба амал овард, ки бевосита машрўъияти ин муносибатҳо ба вуҷуд омаданд. Зарурати роҳандозӣ кардани модели нави муносибати давлатро ба иттиҳодияҳои динӣ ба миён омад ва он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардид. Конститутсия ҳуқуқ ва озодиҳои ҳамаи шаҳрвандонро новобаста аз ҷинс, миллат, забон ва муносибат ба дин кафолат медиҳад. Конунҳои дар ин раванд қабулгардида бо қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи башар дар ҳеҷ ваҷҳ мухолифат намекунанд.
Ҳамин тариқ, баробари ба даст овардани соҳибихтиёрӣ ҷомеа ба равандҳои нав рў ба рў гардид. Дар партави истиқлолият тамоми соҳаҳои ҳаёт рушду нумўъ намуданд. Алалхусус ин тағйирот дар соҳаи иҷтимоиёт ва фарҳанг баръало ҳис мегардид. Истиқлолияти давлатӣ, бунёди давлати миллӣ ва фазои демократии рушди ҷомеа, проблемаҳои навро ба вуҷуд оварданд, ба ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои динӣ мақоми ҳуқуқӣ дода шуд, ки бо риояи қонунуниятҳои амалкунанда фаъолияти худро пеш баранд. Албатта, принципи конститутcионии давлати дунявӣ водор мекунад, ки давлат аз ташкилотҳои динӣ ҷудо бошад, вале имрўз бахши ниҳоят ҳассоси ҳаёти ҷомеа ҷомеа, омили муҳими иҷтимоӣ ва танзимкунандаи муносибатҳои иҷтимоӣ гардидааст.
Бозандешии асолати таърихӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ ба раванди худшиносии ҷомеа оварда расонд. Яке аз масъалаҳои асосие, ки имрўз низ дар мадди аввал меистад, ин модели нави давлати дунявӣ ва дарки дурусти мафҳуми «дунявият» мебошад. Бояд қайд намуд, ки дунявият имрўз маънои бединӣ ва атеистиро надорад. Дунявиятро бояд аз он мавқеъ шарҳ дод, то ки дар интихоби масъалаҳои эътиқодӣ суитафоҳум эҷод нагардад. Аз ин дидгоҳ, давлати дунявӣ метавонад бо иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои динии гуногун ҳамкорӣ намояд.
Имрўз дар ҷумҳурии мо дунявият дар асоси қонун асли низоми сиёсӣ ва принсипи давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва соҳибихтиёрро пеш гирифтааст. Дунявият дар баробари дигар аслҳои зикршуда бояд барои ҳар як фарди ҷомеа, аз он ҷумла барои хизматчиён, зиёиён ва махсусан барои рўҳониён чун арзиши муҳими иҷтимоиву фарҳангӣ ҳамеша дар мадди назар ва маркази андешаашон бошад. Зеро он воситаи аз ҳама мусолиматомез ва беҳтарини муносибати дину давлатро таъмин намуда, заминаи ҳуқуқии худро дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» пайдо намудааст. Ҳоло аҳли ҷомеаи моро лозим аст, ки ҷиҳати татбиқи паҳлўҳои амалии ин асл ва принсип чораҳои ҷиддӣ андешанд, то он ба як арзиши умумимиллӣ ва умумииҷтимоӣ табдил ёбад. Дар он сурат ин падидаи нав метавонад ба як механизми амалкунанда табдил ёбад ва унсури пайвандгари боэътимод байни фазои динӣ ва фазои миллии ҷомеаи мо гардад. Ин механизм имкон медиҳад то барои ба ҳам овардани манфиатҳои милливу диниамон дар атрофи давлатдории навин муттаҳид шавем.
Дар асоси меъёрҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будан Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои тамоми шаҳрвандон новобаста аз миллат ва дин ҳимоят мегардад. Тамоми халқу миллатҳое, ки дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва пайравони дину оинҳои мухталифро ташкил медиҳанд, дўстона ба ҳам зиндагӣ менамоянд ва мушкилоти ба амал омадаро якҷоя бартараф менамоянд. Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик дар муносибат бо дигар халқу миллатҳо, расму оинҳо як муносибати таҳаммулгароёна ва одилона доштааст. Илова бар ин тоҷикон дар ин бархўрдҳои таърихӣ таҷрибаҳои ғанӣ ба даст оварда, арзишҳои миллӣ ва фарҳангии худро ҳифз намудаанд. Имрўз низ дар шароити равандҳои ҳассоси иҷтимоии муосир – ҷаҳонишавӣ, ки бархе ҷомеашиносон онро «бархўрди тамаддунҳо» ва иддае «гуфтугўи тамаддунҳо» ном ниҳодаанд, ҳифз намудани арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, ҳимояти ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони кишвар чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи он кори ниҳоят муҳим ва на он қадар осон аст.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмўъ пайрави расму оинҳои гуногунанд ва ба ин ё он дин муносибати гуногун доранд. Қисми зиёди аҳолии Тоҷикистон пайравони дини ислом ва яке аз мазҳабҳои анъанавӣ ва таҳаммулгарои он – ҳанафия мебошанд. Дар тўли асрҳо ин мазҳаб тавонист намояндагони қавму миллатҳои гуногунро дар зери сояи чатри арзишҳои милливу фарҳангиашон муттаҳид кунад ва то андозае дар идоракунии давлатҳои алоҳида мусоидат намояд.
Дар асоси Конститутсияи ҶТ ва қонунҳои амалкунанда, озодии виҷдони ҳар як шаҳрванд кафолат дода мешавад. Ҳар кас метавонад ба ин ва ё он дин пайравӣ кунад ва ё накунад. Дар моддаи 26 Конститутсия чунин омадааст:
«Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».
Ҳамин тариқ, қонунҳои мансуб ба озодии виҷдони шаҳрвандони кишвар дар асоси принсипи муайян ба низом дароварда шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, ин ҳуқуқ ва озодиҳо низ дар асоси принсипи ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат ба роҳ монда шудаанд. Бояд қайд намуд, ки ин принсип ба арзишҳои давлати дунявӣ пайванди қавӣ дорад.
Дар қисмати сеюми моддаи 8 Конститутсия чунин омадааст:
«Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд». Дар шароити кунунӣ як қатор омилҳое мавҷуданд, ки ба муносибати давлат ва ташкилотҳои динӣ ҳассосияти баланд зам мекунанд.
Дар ҷумҳурии мо, ки дар баробари шаҳрвандони мусулмон намояндагони динҳои дигар низ зиндагӣ мекунанд, давлати дунявӣ яке аз шаклҳои мувофиқи танзими муносибатҳо ба шумор меравад. Андаруни ҷомеаи шаҳрвандии мо намояндагони дину мазҳабҳои гуногун паҳлўи ҳам зиндагӣ мекунанд ва озодона ба ин ё он ойин пайравӣ менамоянд.
Мо метавонем муносибати созандаи давлатро бо иттиҳодияҳои динӣ дар даврони истиқлолият мушоҳида намоем. Агар мо каме ба гузаштаи на чандон дур назар андозем, пас хоҳем дид, ки дар даврони шўравӣ дин дар таъқиби давлат қарор дошта, аз ҳаёти иҷтимоиву фарҳангӣ берун карда шуда буд. Ин таъқибот, пеш аз ҳама, дар тарғиботи зиддидинӣ ва таъқиби ходимони динӣ сурат мегирифт. Вале бо вуҷуди пурзўр будани муборизаи зидидинӣ, ин сохтори пурқудрат тамоми арзишҳо ва суннатҳои диниро аз байн бурда натавонист. Дар муносибатҳои байниҳамдигарии шаҳрвандон арзишҳои динӣ боқӣ монданд, шаҳрвандон ба суннатҳои динӣ пайравӣ менамуданд, аз он ҷумла маросимҳои ҷаноза, никоҳ, рўзагирӣ, намоз гузоридан ва дигар фаъолиятҳои динӣ сурат мегирифтанд.
Сазовори ёдовар шудан аст, ки ҳоло иттиҳодияҳои динӣ дар ҷумҳурӣ фаъолияти густурда доранд, ки дар баробари тоату ибодат ба фаъолиятҳои таълимӣ ва хайру эҳсонкорӣ низ машғуланд. Ин дар ҳолест, ки принсипи конститутсионии давлати дунявӣ ҷудо будани давлатро аз иттиҳодияҳои динӣ талаб менамояд.
Ҳаминро бояд қайд намуд, ки имрўз мо дар вазъе қарор дорем, ки омили динӣ дар ҷомеа фаъол гардидааст ва дар қатори мазҳаби анъанавии суннатии мо – ҳанафия, дигар равияҳои ғайрисуннатии ба ном исломӣ ва ҳам ғайриисломӣ фаъол гардидаанд. Маҳз дар чунин шароит муносибати давлат ба дин бояд хеле ҳам созанда бошад, ки амнияти кишвар аз хатарҳои ифротгароӣ таъмин гардад.
Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», иттиҳодияҳо динӣ вазифадоранд меъёрҳои онро дар фаъолияти худ риоя намоянд ва ба тарғиби ақидаҳои тундгароёнаи динӣ, барангехтани ихтилофҳои мазҳабӣ роҳ надиҳанд.
Дар асоси Конститутсияи ҶТ ва қонунҳои ба тасвиб расида, озодии виҷдони ҳар як шаҳрванд кафолат дода мешавад ва ҳар кас метавонад ба ягон дин пайравӣ кунад ва ё накунад. Баръакс вазъи мураккаби сиёсӣ тақозо менамояд, ки рўҳониён ва иттиҳодияҳои динӣ барои татбиқи моддаи 26 Конститутсия пайгирона талош намоянд:
«Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».
Албатта, сиёсати пешгирифтаи давлат нисбат ба дин сиёсати таҳаммулгароёна буда, ҳуқуқу озодиҳои эътиқодии пайравону дину мазҳабҳои гуногун ҳимоят мешаванд. Модели ҳамзистии муваффақи пайравони дину мазҳабҳо дар ҷумҳурии мо аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Дар ҷумҳурӣ пайравони динҳои гуногун ба масҷидҳо ва ибодатгоҳҳои мазҳабии худ озодона мераванд. Маҳз дар чунин шароити боамн давлат метавонад ислоҳоти бузург ва бозсозии иҷтимоиёту иқтисодиётро амалӣ созад.
Нусратулло Зокиров,
Сардори Шуъбаи пажӯҳиши ҳуқуқи исломии
Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ