Истифодаи смартфонҳои «Samsung Note 7» дар дохили тайёраҳои «Тоҷик Эйр» манъ шуд
Душанбе, 01.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии миллии «Тоҷик Эйр» истифодаи смартфонҳои тамғаи «Samsung Note 7»-ро дар дохили тайёраҳои худ манъ кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» хабар доданд.
Ин қарорро роҳбарияти ширкат бо сабаби зиёд шудани ҳодисаҳои худ аз худ оташ гирифтани смартфонҳои тамғаи «Samsung Note 7» ҳангоми гирифтани қувва қабул намуд.
«Таъмини амнияти мусофирон ҳангоми сафар вазифаи стратегии мо мебошад, ки ширкати миллии Тоҷикистон ин вазифаро бечуну чаро иҷро менамояд. Манъ намудани смартфонҳои ин тамға дар дохили тайёра низ бо мақсади амнияти мусофирон ба роҳ монда шуд»,- иттилоъ дод намояндаи «Тоҷик Эйр».
Мусофироне, ки бо худ ин тамғаи телефонро доранд, пеш аз қайдгузарӣ бояд онро ба шахсони гуселкунанда диҳанд ва бо худ ба тайёра ворид насозанд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






