Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар радифи китобхонаҳои бонуфузтарини ҷаҳон қарор дорад

Ноябрь 4, 2016 17:06

Душанбе, 04.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоте, ки имрӯз дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони масъули Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» доир гардид, зикр шуд, ки «ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонон ба китобхона ва китобхонӣ, инчунин бедорсозии рағбати онҳо нисбат ба китоб амри зарурист». Дар ин бора аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
«Маҳз китоб метавонад ба болоравии маърифати ҷавонон, мустаҳкамсозии донишу малакаи касбӣ ва роҳандозии зиндагии шоистаи онҳо кумак расонад»,-зикр шуд дар ҷамъомад.
Сардори шуъбаи адабиёт оид ба фарҳанг ва ҳунари Китобхонаи миллии Тоҷикистон Нуқра Аҳмадова оид ба фаъолияти ин боргоҳи маънӣ, тарзу усули истифода аз хазинаи пурганҷи китобхона, одоби китобхонӣ, махсусияти толорҳои китобхона ва намудҳои хизматрасонӣ дар китобхона маълумот дода, гуфт: «Имрўз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дорои 5 705 046 нусха маводи чопию электронӣ буда, аз ҷиҳати дороии хазина ва меъёрҳои хизматрасонӣ дар радифи китобхонаҳои бонуфузтарини ҷаҳон қарор дорад».
Масъулини Китобхонаи миллии Тоҷикистон донишҷӯёнро даъват карданд, ки бештар ба китобхона рў оранд ва аз ин махзани илму маърифат баҳра баранд, зеро китоб роҳнамои зиндагист.

Ноябрь 4, 2016 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд