Конфронс: «Устод Шакурӣ ва истилоҳнигории тоҷикӣ дар даврони Истиқлол»

Ноябрь 4, 2016 15:41

muhammadzhon-shakuriДушанбе, 04.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 90-солагии узви пайвастаи АИ ҶТ донишманди маъруф Муҳаммадҷони Шакурӣ дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ дар мавзӯи «Устод Шакурӣ ва истилоҳнигории тоҷикӣ дар даврони Истиқлол» конфронси илмӣ доир гардид.
Сахидод Раҳматуллозода, директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ дар оғози конфронс иброз намуд, ки «саҳми академик М. Шакурӣ на танҳо дар рушди адабиётшиносии муосир, балки дар пешрафти илму маърифати халқи тоҷик хеле калон аст».
Ноиби президенти Академияи илмҳои ҶТ Кароматулло Олимов чунин ибрози андеша кард: «Устод М. Шакурӣ яке аз давомдиҳандагони кори пурарзиши гузаштагони мо буда, гузаштаи классики моро бо замони муосир пайванди ногусастанӣ доданд. Ин шахсият махсусан дар соҳаи ҷомеашиносӣ, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва истилоҳшиносӣ хизмати бузургро ба ҷо оварданд, ки шоистаи таҳсин аст».
Дар конфронс аз ҷониби олимон дар мавзӯъҳои «Муҳаммадҷони Шакурӣ дар масири илму эҷод», «Нигоҳе чанд оид ба як хонадони фарҳангии тоҷик», «Саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ дар рушди адабиётшиносии муосири тоҷик» маърӯзаҳо шунида шуданд.
Зимни ироаи маърӯзаҳо зикр гардид, ки Устод Шакурӣ дар мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» саҳми босазо гузошта, барои амалӣ гаштани он як силсила мақолаҳо, аз ҷумла «Забони миллӣ ғамхории махсус хоҳон аст», «Ҳар кас ба забони хеш дармонад» ва рисолаҳои «Хуросон аст ин ҷо», «Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ», «Сарнавишти форсии тоҷикии Фароруд дар садаи бист», «Забони миллӣ ва ҷаҳонгароӣ» навишт, ки фуровардҳои забон дар асри бистум, амалкарди забони давлатӣ дар низоми таҳсилот, фазои фарҳангию иттилоотӣ, вазъи забонро дар фарҳанги миллӣ дар даврони ҷаҳонгароӣ баррасӣ мекунанд.
dsc_0847Устод Шакурӣ ҳамзамон муаллифи барномаву китобҳои дарсӣ буда, дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ саҳмгузор аст. Соҳиби мақолаҳо дар донишномаҳои миллӣ буда, як қисм осораш ба забонҳои русӣ, англисӣ тарҷума шуда, дар Теҳрону Тоҷикистон ба хати форсӣ низ таҳия шудаанд. Устод Шакурӣ узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди шӯравӣ (1956), узви шӯроҳои зиёди адабиётшиносию илмии собиқ Иттиҳоди шӯравӣ, созмонҳои байналмилалии мунаққидони адабӣ, узви кумитаҳои мукофотҳои давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Абӯалӣ ибни Сино, узви ҳайати таҳририяи «Таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ (нашри ЮНЕСКО) буда, дар вазифаҳои раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии танқиди адабию бадеӣ дар ҳузури Президиуми АИ ҶТ, муовини раиси Шӯрои махсуси ҳимояи рисолаҳои докторӣ дар назди Институти забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакӣ кор кардааст.
Бо китобҳои пурарзиш ӯ соҳиби ҷоизаҳои адабию илмии ба номи Рӯдакӣ ва Ибни Сино гардидааст.

Ноябрь 4, 2016 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид