Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид

Июнь 25, 2025 12:03

ДУШАНБЕ, 25.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷараёни ковишҳои бостоншиносӣ дар ёдгории Ҳалқаҷари деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон аз ҷониби экспедитсияи бостоншиносии Осорхонаи миллӣ бозёфти басо нодири таърихӣ — кӯзаи дудастаи катибадор кашф гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, дар танаи кӯза бо хат ва забони бохтарӣ навиштаҷот мавҷуд аст. Бо пайдо гардидани навиштаҷоти мазкур, мутахассисони Осорхонаи миллӣ ҷиҳати хондану таҳқиқи он ба муҳаққиқони барҷастаи забонҳои қадимии Эрони шарқӣ — Симс Вилиямс ва Ҷо Крибб муроҷиат намуданд. Олимони мазкур кашфи бозёфти нодирро бо хушнудӣ истиқбол намуда, навиштаҷотро чунин хонданд:«ИН ОБКӮЗАИ ХОНУМИ САГКИН АСТ».

Мутахассисони Осорхонаи миллӣ дар рафти ковишҳои бостоншиносӣ, аллакай дуюмин катибаҳои бохтариро, ки аҳамияти ҷаҳонӣ доранд, кашф намуданд. Аҳамият ва арзиши илмии ин катиба дар он аст, ки он дар шакли комил пайдо гардидааст.

Бешак навиштаҷоти мазкур дар илми забоншиносӣ ва таърих боз як саҳифаи тозаро бозкушоӣ менамояд.

 

 


АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Июнь 25, 2025 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд