Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо ҷоизаи ANOC мукофотонида шуд

Ноябрь 17, 2016 12:05

Душанбе, 17.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо ҷоизаи Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) сарфароз гашт. Ҷоизаҳои ANOC ба беҳтарин варзишгарон ва кумитаҳои олимпии сол дар Ассамблеяи кулли Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ, ки 15-16 ноябр дар пойтахти Қатар — шаҳри Доҳа барпо гардид, супурда шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон барои аввалин медали тиллои Бозиҳои олимпӣ бо ҷоизаи ин созмони ҷаҳонӣ сарфароз гашт. Раиси Анҷумани кумитаҳои миллии олимпӣ Шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал-Сабоҳ ҷоизаро ба котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев супурд.
Ёдовар мешавем, ки гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров дар Олимпиадаи Рио-2016 бо натиҷаи 78 метру 68 сантиметр медали тилло ба даст овард. Ин дар таърихи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аввалин медали тилло ба шумор меравад.
Ҷоизаҳои ANOC барои аввалин медал ё аввалин медали тиллои олимпӣ, инчунин ба кумитаҳои миллии олимпии Баҳрайн, Кот-д′ Ивуар, Фиҷӣ, Урдун, Косово, Пуэрто-Рико, Сингапур ва Ветнам тақдим шуданд.
Кумитаи миллии олимпии Британияи Кабир барои муваффақияти барҷастаи тими мунтахабаш дар Олимпиадаи Рио-2016 бо ҷоизаи ANOC сарфароз гашт.
Ҷоизаҳои ANOC ба Пуиг (теннис, Пуэрто-Рико) — беҳтарин варзишгари Олимпиадаи Рио-2016 миёни занон, ба Вэйд Ван Никерк (варзиши сабук, Африқои Ҷанубӣ) — беҳтарин варзишгар байни мардон, ба дастаи мунтахаби ҳоккейи Британияи Кабир — беҳтарин дастаи занона ва ба дастаи мунтахаби регбии Фиҷӣ — беҳтарин дастаи мардона супурда шуданд.
Бо ҷоизаҳои инфиродии ANOC Рафаэл Лопес Силва аз Кумитаи олимпии Бразилия, Тегла Лорупе, раҳбари дастаи мунтахаби олимпии намояндагии кор бо гурезаҳо, Карлос Артур Нузман (Бразилия) ва шайх Тамим бин Ҳамад Aл-Тaнӣ (Қатар) мукофотонида шуданд.
Ассамблеяи кулли Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ дар Доҳа бо ширкати ҳудуди 1200 вакил аз ҳамаи кишварҳои аъзои ANOC баргузор шуд.
Томас Бах, раиси Кумитаи байналмилалии олимпӣ, зимни суханронӣ дар ассамблея иброз дошт, ки «бузургтарин мусобиқаи байналмилалии варзишии имсолаОлимпиадаи Рио бисёр хотироти фаромӯшнопазир боқӣ гузошт». Вай афзуд: «дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейро бидуни ҳамкории зич миёни ҳамаи 206 кумитаи миллии олимпӣ, ки ба таркиби Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ дохиланд, муваффақ шудан ғайриимкон буд».
Дар Ассамблеяи кулли Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ дар Доҳа намояндагони Будапешт, Лос-Анҷелес ва Париж, ки барои мизбонии Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 дархост пешниҳод намудаанд, шаҳрҳояшонро муаррифӣ карданд.
Мизбони Олимпиадаи соли 2024-ум дар сессияи Кумитаи байналмилалии олимпӣ моҳи сентябри соли оянда дар шаҳри Лимаи Перу интихоб мешавад.

Ноябрь 17, 2016 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд