Лигаи чемпионҳои Аврупо: дар бозии дастаҳои «Легия» ва «Реал»-и Мадрид голборон ба мушоҳида расид

Ноябрь 3, 2016 11:36

Душанбе, 03.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи дуюми бозиҳои даври чоруми Лигаи чемпионҳои Аврупо дастаи «Легия»-и Лаҳистон дар майдонаш бо «Реал»-и Мадрид дар гурӯҳи «F» қувва озмуда, натиҷаи ҳангомаомези 3:3-ро комёб гардид. Дар бозии қаблии ин дастаҳо дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу» клуби шоҳона бо нишондои 5:1 ғолиб омада буд.

Ин вохӯрӣ ба спектакли ҳақиқӣ мубаддал гардид. Мутаассифона, бо муҷозоти Иттиҳоди футболи Аврупо тамошобинон ба варзишгоҳ роҳ дода нашуданд ва бозӣ танҳо бо ҳузури рӯзноманигорон барпо гардид.  Аллакай дар сонияҳои аввали дидор Гарет Бейл ҳисобро боз кард. Аз ин наҳаросида, дастаи сатҳи миёнаи Аврупо-«Легия» тавонист  ба футболбозони машҳури ҷаҳон рақобати арзишманд нишон дода, онро мусовӣ(3:3) ҷамъбаст намояд. Бензема (35, 2:0), Вадис Оҷиҷза(40, 2:1), Радович (58, 2:2), Мулен (83, 3:2) ва Ковачич (85, 3:3) муаллифи голҳо гардиданд.

Дар ин гурӯҳ «Боруссия» бар «Спортинг» (1:0) ғолиб омад.

 

N Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1    БОРУССИЯ Д 4 3 1 0 11-3 10
2    РЕАЛ МАДРИД 4 2 2 0 12-7 8
3    СПОРТИНГ 4 1 0 3 4-5 3
4    ЛЕГИЯ 4 0 1 3 4-16 1

 

Бозиҳои дигари гурӯҳҳо бо чунин натиҷа анҷом ёфтанд:

Гурӯҳи Е

Монако (Фаронса) – ССКА (Маскав) 3:0

Тотенҳем (Англия) – Байер (Олмон) 0:1.

 

 

N Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1    МОНАКО 4 2 2 0 7-3 8
2    БАЙЕР 4 1 3 0 4-3 6
3    ТОТТЕНХЭМ 4 1 1 2 2-3 4
4    ССКА 4 0 2 2 3-7 2

Гурӯҳи G

Копенгаген (Дания) – Лестер (Англия) 0:0

Порту (Португалия) — Брюге (Белгия) 1:0.

 

N Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1    ЛЕСТЕР 4 3 1 0 5-0 10
2    ПОРТУ 4 2 1 1 4-3 7
3    КОПЕНГАГЕН 4 1 2 1 5-2 5
4    БРЮГГЕ 4 0 0 4 1-10 0

 

Гурӯҳи Н

Севиля (Испания) – Динамо (Загреб, Хорватия) 4:0

Ювентус (Италия) – Лион (Фаронса) 1:1.

 

N Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1    СЕВИЛЯ 4 3 1 0 6-0 10
2    ЮВЕНТУС 4 2 2 0 6-1 8
3    ЛИОН 4 1 1 2 4-3 4
4    ДИНАМО Зг 4 0 0 4 0-12 0

 

 

Ноябрь 3, 2016 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд