Маъмурияти дипломатии Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ба поён расид
Душанбе, 3.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябри соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулғафур Орзуро бино бар ба поён расидани маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо аз густариши бемайлони муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон изҳори қаноатмандӣ карданд ва атрофи самтҳои дурнамодори ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар дар арсаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва фарҳангию башарӣ табодули назар анҷом доданд. Бар зарурати тавсеаи ҳамкории наздисарҳадӣ ва муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва дигар чолишҳои амнияти ду кишвар ва минтақа таъкид гардид.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Сафири Афғонистон барои саҳми назаррас дар таҳкиму густариши робитаҳои дӯстона ва ҳамкории созандаи Тоҷикистону Афғонистон изҳори сипос кард ва барои фаъолияти минбаъдаи ӯ дар ҷодаи дипломатия муваффақиятҳо орзу намуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






