Маросими савгандёдкунии наваскарон дар «Майдони Қаҳрамонон»-и Конибодом
Душанбе, 09.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар «Майдони Қаҳрамонон»-и шаҳри Конибодом барномаи идона ва маросими савгандёдкунии наваскарони қисми низомии 04080 доир гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд, наваскарон дар назди иширокдорон дар вазъияти тантанавӣ савганди ҳарбӣ ёд карданд.
Раиси Шӯрои собиқадорони шаҳр Қаҳҳорҷон Ҳасанов ҷавононро ба дӯст доштани Ватан ва ҳифзи марзу буми он даъват кард.
Падару модарони наваскарон низ ба фарзандони худ хизмати софдилона ва сиҳатмандии комил таманно намуданд.
Дар маросим аз ҷониби сарбозони қисми низомӣ машқҳои гуногуни ҳарбӣ иҷро карда шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






