Масъалаҳои ҳалталаби рушди қутоспарварӣ
Душанбе, 10.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ бо иштироки гурӯҳи зиёди кормандон ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқоние, ки дар минтақаҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва ноҳияи Айнӣ ба қутоспарварӣ машғуланд, конфронси илмию амалӣ — минтақавӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои ҳалталаби рушди қутоспарварӣ» баргузор гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мансур Носиров, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Айнӣ чунин изҳор дошт: «Масъулини соҳа баҳри амалисозии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи «Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015» тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуданд».
Номбурда инчунин афзуд, ки «таҳлилҳо собит сохтанд, ки таи ҳашт соли охир дар ҳоҷагиҳои гуногунсохтори ноҳия миқдори қутосҳо аз 485 сар то ба 1003 сар расонида шуда, истеҳсоли гӯшти қутос аз 167 сентнер ба 560 сентнер афзудааст»
Ёдовар мешавем, ки конфронси мазкур бо ташаббуси Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Институти чорводории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди қутоспарварӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар водии Зарафшон баргузор карда шуд.








ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст






