Медалҳои тиллои мавсими футболи соли 2016 ва Ҷоми чемпионӣ ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе супорида шуданд

Ноябрь 11, 2016 10:28

Душанбе, 11.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар меҳмонхонаи «Hyatt regency»-и пойтахт шоми дирӯз расми бошукӯҳи супоридани медалҳои тиллои Чемпионати мамлакат оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ ва Ҷоми чемпионӣ ба КФ «Истиқлол»-и Душанбе баргузор гардид. Дар маросим роҳбарони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ФФТ, сарпарастон, меҳмонон ва намояндагони ВАО ширкат намуданд.
Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар мавсими соли 2016 дар 18 вохӯрӣ 14 ғалаба карда, се бозиро мусовӣ анҷом додааст. Танҳо дар як вохӯрӣ ба мағлубият дучор гаштааст. Чемпион дар силсилаи ин бозиҳо ба дарвозаи ҳарифон аз ҳама бештар- 67 тӯб зада, аз дарвозааш 20 тӯб гирифтааст. Шумораи холҳояш ба 45 адад баробар шуд, ки аз мақоми дуюм 8 имтиёз бештар мебошад.
Ҳайати дуюми ҷавонони «Истиқлол» низ дар мубориза барои медалҳо аз ҳамаи дастаҳо пеш гузашта, соҳиби ҷои аввал шуд. Футболбозони ин даста низ дар ин рӯз бо медал ва Ҷом сарфароз гардиданд.
Роҳбарияти КФ «Истиқлол» барои дастгирӣ ва саҳмгузорӣ ба сарпарастон ва ВАО дар мавсими соли 2016 минатдории худро баён карда, ба онҳо ифтихорномаву ҷоизаҳо ҳадя намуд.
Ёдрас мешавем, ки дастаи «Истиқлол»-ро соли оянда Мӯҳсин Муҳаммадиев -сармураббии нав ба мавсими футболи соли 2017 омода мекунад.

Ноябрь 11, 2016 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд