Мирослав Клозе -беҳтарин нишонзани чемпионатҳои ҷаҳон ҳунарнамоиашро дар майдони футбол ба охир расонд

Ноябрь 2, 2016 12:05

pic_eb9e73e3e7c2c50386a8100190f76b83Душанбе, 02.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Собиқ бозингари дастаи мунтахаби Олмон Мирослав Клозе ҳунарнамоиашро дар майдони футбол ба охир расонид. Дар ин бора рӯзи гузашта сомонаи Иттиҳоди футболи Олмон баёнияеро аз номи ин бозингари шӯҳратёр ба нашр расонидааст.

«Ман дар ҳайати дастаи мунтахаб ба комёбиҳои назаррас соҳиб шудам ва ба қароре омадам, ки фаъолиятамро ба ҳайси мураббӣ давом диҳам. Ҳоло аз ҷиҳати назариявӣ омода мешавам, то онро дар амал ҷорӣ намоям»- гуфтааст бозингари 38-сола.

Клуби футболе, ки Клозе солҳои охир дар он бозӣ кардааст, «Латсио»-и Италия мебошад. Пештар ӯ шарафи клубҳои футболи «Кайзерслаутерн», «Вердер» ва «Бавария»-ро ҳимоя карда, дар ҳайати он ду маротиба чемпиони Олмон гардида, ду маротибаи дигар Ҷоми ин кишварро ба даст овардааст.

Мирослав дар ҳайати дастаи мунтахаби Олмон аз соли 2001 то 2014 дар мусобиқаҳо ширкат варзида,  Чемпиони ҷаҳон (Бразилия-2014), соҳиби медалҳои нуқра (Корея/Ҷопон-2002,  ) ва  ду маротиба соҳиби ҷоизаи сеюм (Олмон-2006 ва Африқои ҷанубӣ-2010) гардидааст.

Ба ғайр аз ин,   ӯ барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Аврупо (2008) ва биринҷии соли 2012 мебошад.

Клозе бо 16 тӯб дар таърихи мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон  нишонзани беҳтарин ба ҳисоб меравад.

 

 

 

 

Ноябрь 2, 2016 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад