Абдураҳмон Муҳаммад, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ: «Рӯзи Президент фурсати муносибест барои дарку эҳсоси ҳувияти миллӣ…»

Ноябрь 15, 2016 16:55

m-abdurahmonДушанбе, 15.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Қобили тазаккур аст, ки сиёсати миллии ҳар як кишвари соҳибистиқлол хусусияти хоси худро дошта, мазмуни асосии он дар чорабиниҳои  гуногуни  фарҳангию  сиёсӣ  ва рамзу анъанаҳои миллӣ  таҷассум меёбад. Ҳамаи ин  заминаи муҳим  барои  дарки  худшиносӣ   ва  комёб гардидан ба  пешрафту дастовардҳои  кишвар мебошад. Аз ин рў,   «Рўзи  Президент», ки 16  ноябри соли  равон дар тамоми қаламрави  Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад,   иқдоми некест, ки барои  арҷгузорӣ ва ифтихор доштан аз  Тоҷикистони азиз, Истиқлолияти пойдор  ва  қадршиносӣ аз  заҳматҳои Президенти кишвар ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат заминаи устувор  мегузорад.

Бояд гуфт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» дар раванди дигаргуниҳои нави ҷомеа  дар Тоҷикистон марҳилаи нав ба миён овард. Ҳамзамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат эътироф шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар   замони соҳибистиқлолӣ-   ин нишонаи     муттаҳидӣ ва якпорчагии  миллат мебошад. Президенти кишвар дар заминаи талошҳо баҳри таъмини оромии  кишвар, пойдории  сулҳу салоҳ, таҳкими  амнияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳим, пешбурди сиёсати хориҷӣ тавонист ба эътирофи бузурги умумимиллӣ мушарраф гардад.

Эътирофи  шахсият ҳамчун Президенти кишвар, Пешвои миллат, пеш аз ҳама, нишонаи тақвияти эътимод ба фаъолияти шахсиятест, ки     шуҷоатманд аст ва иродаи қавӣ  дорад.   Эмомалӣ  Раҳмон   шахсиятест, ки  ҳамаи тавоноиҳои худро ба сурати комил  ба миллат бахшида,  сабру мулоҳиза  ва бурдбориро  пешаи кори  хеш медонад. Ў  нафарест, ки  дар хонаводаи  марди меҳнатдўст ба воя расида, то 40- солагӣ   дар байни мардумони оддӣ меҳнат ва фаъолият намудааст. Шояд сирри нуҳуфтаи  кордонӣ, шуҷоатмандӣ ва  маҳбуби халқ будани ин марди дунёи сиёсат  дар ҳамин  фазилатҳо бошад. Бояд гуфт, ки  чунин  инсонҳои  шарифу шуҷоъ ҳамеша дар  вазъиятҳои  гуногун  сарнавишти  мардуми  худро ба хубӣ  дарк ва муайян намуда,  номи  неки худро  дар зеҳн ва тафаккури  мардум барои ҳамеша  ҷойгузин мекунанд.

Хусусан  дигаргуниҳои  замони соҳибистиқлолӣ- ифтитоҳи иншооти бузурги аср, бунёди неругоҳҳои барқӣ, роҳу нақбҳо, баланд бардоштани  ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан  ба вазъи таълиму тарбия ва тандурустӣ низ шаҳодати онанд, ки  мардуми Тоҷикистон  ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва  ояндаи дурахшони  Тоҷикистон боварию эътиқоди қавӣ дорад.

 

peshvo-5-oktyabr-2

Ҳамаи ин далолат аз он менамояд, ки имрўз  мо ва билхоса, ҳуқуқшиносон бояд  ба  тадқиқ ва таҳлили масъалаи   фаъолияти   бурдборонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат  ва масъалаҳои   ба он вобаста ҳарчи бештар таваҷҷуҳ  дошта бошем.

Маълум аст, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ифодагари иродаи матини сарвари сиёсӣ баҳри ба даст овардани сулҳу субот дар кишвар мебошад. Чунин мавқеъ ва иродаи Президенти кишвар  имконият дод, ки дар ҷомеа ҳамдигарфаҳмӣ, боварӣ ва кўшиш баҳри ҳамгироии иҷтимоӣ пурзўр гашта, пеши роҳи  ҷанги шаҳрвандӣ   гирифта шавад.

Мактаби сарварии Пешвои миллат таълимгоҳест, ки дар марҳилаи  бисёр мураккабу пуртазод ташаккул ёфта, мавқеи  созандагиву бунёдкорӣ касб намудааст. Ин мактаби  сиёсӣ дорои хусусиятҳои  универсалӣ мебошад, ки ҳокимият ва муносибатҳои он  аз ҷониби ин ниҳоди сиёсӣ   бо риояи принсипҳои  демократӣ  амалӣ гашта, манфиати давлату миллат аз ҳама боло гузошта мешавад.

Интихоб гаштани  Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Сарвари давлат дар оғози солҳои 90-ум  санҷиши мардонагӣ, ҷасурӣ, масъулиятшиносӣ ва ватандўстию нотарсӣ буд, ки  ҳокимияти сиёсии фалаҷгаштаро  барқарор, муносибатҳои бенизоми  иҷтимоиро  муътадил ва сулҳу амниятро пойдор  карда тавонист. Ҳамзамон ин дарки  масъулиятнокӣ  ва амали худташаккулдиҳии шахсиятест, ки дар тўли 25 соли соҳибистиқлолӣ худро пурра ба ҳимояи ягонагии давлат ва ташкили ҳувияти миллӣ дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ бахшидааст.

Ҳамин тавр,  Президенти кишвар танзими хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷаҳониро  ба назар гирифта, таъмини суботи сиёсиро вазифаи аввалиндараҷаи  худ шуморид ва тамоми ҳастии худро ба пешравии миллату давлат бахшид. Ин аст, ки мавқеъ ва нуфузи ниҳоди сарварии Пешвои миллат имрўз дар арсаи байналмилалӣ эътироф гашта, аз ҷониби  Кумитаи академикии Шўрои Аврупо Президенти мамлакат – Эмомалӣ  Раҳмон  сазовори Ҷоизаи «Пешвои асри ХХI» гардидааст.

Ба назари мо  чунин муносибат  аз бисёр ҷиҳат ба нуфузу эътибори шахсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дошт. Ў чун шахсияте шинохта мешавад, ки мардум ба ў ҳамчун фарзанди  фарзонаи миллат эҳтирому эътиқоди самимӣ  доранд. Ҳамзамон  боварӣ доранд, ки ӯ аз уҳдаи ҳалли   тамоми масъалаҳое, ки имрўз ҷомеа ба онҳо рў ба рў  гаштааст, баромада метавонад. Чунин боварӣ ба  Эмомалӣ Раҳмон  аз он ҷост, ки дар  тўли солҳои  фаъолияташ  танҳо ба ў муяссар  гашт, ки  ҳамаи кўшишҳои  фишори  зўроварӣ ба ҳокимиятро чӣ аз ҷониби неруҳои сиёсии  дорои тамоюли радикалӣ ва чӣ аз ҷониби онҳое, ки бо зўри силоҳ кўшиши ба сари ҳокимият омадан доштанд, пешгирӣ карда  тавонист.

Албатта,  дар марҳилаҳои тақдирсози таърихӣ шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки миллату  кишварҳоро аз маҳву парокандагӣ эмин нигоҳ медоранд. Чунин шахсият дар таърихи давлатдории навини тоҷикон  Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба шумор меравад, ки  дар бораи  шуҷоату фаъолияти давлатдории ў китобу мақолаҳо ва филмҳои  зиёде  пешкаш  гардидаанд.  Аммо Президенти кишвари мо имрўз  ниёз  ба муаррифӣ  надорад. Ў шахсиятест, ки бо  дили бузург ва иродаи оҳанин соҳиби  эҳтирому ифтихори ҳамагон гардидааст.

Аз фурсати муносиб истифода намуда, имрӯз дар бораи Рўзи  Президент ва  Президенти кишвар сухан мегӯем, ки ин ҳама самараи озодӣ ва истиқлолияти сиёсӣ мебошад. Дар баробари ин, мо вазифадорем, ки ин рўзро бо меҳнати фидокорона  ба Ватани маҳбубамон, худшиносии баланди миллӣ ва зиракии сиёсии ҳамешагӣ,  самимияту  эҳтироми хоса  пешвоз гирифта, ба он арч гузорем.

Рўзи Президент ҷашнест, ки барои  дарку эҳсоси ҳувияти миллӣ, шинохту  эҳтироми рамзҳои  давлатӣ  ва дар заминаи чунин арзишҳо таъмин  намудани  идомаи  раванди пешрафти минбаъдаи истиқлолияти сиёсӣ заминаи босазо мегузорад.

 

Абдураҳмон Муҳаммад ,

директори  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ

ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ

 

 

Ноябрь 15, 2016 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати таббохии миллати мо давоми садсолаҳо ташаккул ёфтааст
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
ШАБОҲАТИ ОИНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ДАВЛАТҲОИ АВРУПО. Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст