Муаррифии китобҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» ва «Забони миллат-ҳастии миллат» дар КМТ
Душанбе, 16.11.16. /АМИТ «Ховар»/. Муаррифии китобҳои тозанашри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» ва «Забони миллат-ҳастии миллат» имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоиш ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент бахшида шуда буд.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо паёми шодбошӣ чунин изҳори андеша кард: «Дар эҳёи суннатҳои таърихию фарҳангӣ ва дар ин рӯҳия ташаккул ва такомул ёфтани худшиносии миллат асари нави муҳташами арбоби намоёни давлатию сиёсӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор», ки зиндагинома, осор ва пайкори 25 чеҳраи баргузидаи илмӣ, адабӣ ва таърихиву сиёсиамонро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор додааст, нақши муассир дорад.
Китоби мазкур маҳсули андешарониҳои амиқи муаллиф доир ба таъриху фарҳанги бисёрасраи халқи тоҷик мебошад. Муаллиф доираи васеи масъалаҳои муҳими ҳоло наомӯхтаи таъриху тамаддуни халқи тоҷик ва чеҳраҳои баргузидаи онро ба риштаи таҳқиқ кашида, мероси пурғановати фарҳангӣ ва марҳилаҳои асосии тақдирсози таърихи гузаштаро, ки дар ташаккули худшиносии миллӣ нақши бориз доранд, мавриди баррасии амиқ қарор додааст».
Дар ҳамоиш ҳамчунин китоби дигари Пешвои миллат таҳти унвони «Забони миллат-ҳастии миллат» дар бораи таърихи забони тоҷикӣ муаррифӣ шуд. Ин китоб китоби аввал аст.
Аз нигоҳи сохторӣ китоби мазкур дар баробари муқаддимаву хулоса ва китобнома фарогири 6 боб буда, ҳар боб аз се то панҷ фаслро дар бар мегирад. Он танҳо як навиштае дар бораи таърихи забони тоҷикӣ набуда, доиратулмаорифест, ки бо такя ба сарчашмаҳои муътамади илмии ватаниву хориҷӣ, қадимиву имрўза рўйи коғаз омадааст, то хонандагон, махсусан насли ҷавони мо огоҳ бошанд, ки ниёгони онҳо сарфи назар аз номеҳрубониҳои таърих, то чӣ ҳад дар ҳифзи ватан ва муқаддасоти миллӣ, махсусан забони модарии хеш, кўшиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноеро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштаанд.
Дар ҳамоиш академикҳо ва олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, намояндагони Вазорати маориф ва илми кишвар ва намояндагони китобхонаи миллӣ иштирок доштанд. Зимни ҳамоиш аз ҷониби олимону академикҳо пешниҳодҳои мушаххас ва хулосаҳои ҷолиб ироа гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд






