Мулоқотҳои Қоҳир Расулзода дар ҳошияи ҷаласаи 15-уми Шӯрои Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои аъзои СҲШ
Душанбе, 02.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода барои иштирок дар кори ҷаласаи 15-уми Шӯрои Сарони ҳукуматҳо-Сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кард.
Дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Бишкек нимаи дуюми имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Акбар Ҷавод Мобашшар мулоқот кард. Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба омодагию ҳавасмандии худро таъкид намуданд.
Ҳамчунин нимаи дуюми имрӯз мулоқоти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло доир гардид. Ҷонибҳо масоили марбут ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамгироии муштарак дар соҳаҳои роҳу нақлиёт ва энергетика дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи зарурӣ ба масоили иштироки муштарак дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сохтмони роҳҳои оҳан ва иншооти энергетикӣ зоҳир карда шуд. Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба тақвияти мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва коҷоқи ғайриқонунии маводи мухаддир муҳокима гардиданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






