«Нақши ниҳоди президентӣ дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ»-ҷамъомад дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Душанбе, 16.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ) бахшида ба Рȳзи Президент дар мавзȳи «Президенти мо Пешвои мост» ҷамъомад доир гардид. Тавре ки аз Донишгоҳи мазкур хабар доданд, Ректори донишгоҳ профессор Мумин Шарифзода аз саҳми беназири Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу суботи кишвар, мустаҳкам гардонидани пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии соҳибистиқлол ва дар арсаи байналмилалӣ обрȳю нуфузи бештар пайдо намудани Тоҷикистон ёдовар шуд.
«Дар ҷамъомад дар мавзӯъҳои «Нақши ниҳоди президентӣ дар баланд бардоштани худшиносии миллӣ», «Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллат», «Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Садоқат ба Ватан садоқат ба Президент», «Эмомалӣ Раҳмон арҷгузори фарҳанги тоҷикон» маърӯзаҳо шунида шуданд. Маърӯзаҳо ҷанбаҳои фаъолият ва ташаббусҳои наҷибу корнамоиҳои шоистаи таҳсини Президенти кишвар, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бар мегирифтанд»,- хабар дод манбаъ.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






