Ноҳияи Тоҷикобод дар давраи зимистон ба 2320 тона ангишт ва 420 м3 ҳезум эҳтиёҷ дорад
Тоҷикобод, 10.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи нақша «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017» барои боз ҳам хубтар омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт дар ноҳияи Тоҷикобод бо назардошти эҳтиёҷоти ноҳия зарур аст, ки имсол 2320 тонна ангишт, 8 тонна гази моеъ, 420 м3 ҳезум ва 12 тонна сӯзишвории дизелӣ захира шавад. То имрӯз дар ноҳия ба миқдори 435 м3 ҳезум, 12 тонна сӯзишвории дизелӣ, 8 тонна гази моеъ ва 2325 тонна ангишт барои хуб гузаронидани давраи зимистон дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия захира шудааст. Дар ин бора раиси дастгоҳи ноҳия Тоҳир Устоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Инчунин истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия хуб буда, аз ҷумла 4500 тонна ғалла, 15900 тонна картошка, 3400 тонна сабзавот, 1334 тонна мева ва 40 тонна зағир ҷамъоварӣ шудааст.
Захира намудани ҳосили картошка, меваю сабзавот барои таъмини бозорҳои ноҳия ва ҷумҳурӣ аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ идома дорад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






