Омӯзиши таҷрибаи ҳунармандони вилояти Суғд дар самти ба роҳ мондани истеҳсоли атласу адрас
Душанбе, 17.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокчиёни семинари корӣ оид ба «Омӯзиши таҷрибаи ҳунармандони вилояти Суғд дар самти ба роҳ мондани истеҳсоли атласу адрас» тайи ду рӯз аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дидан намуданд. Онҳо дар 10 маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофии шаҳрхои Хуҷанду Гулистон, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов бо фаъолияти ҳунармандону шогирдон дар эҳёи ин ҳунарҳои волои аҷдодӣ аз наздик шинос шуданд.
Дирӯз меҳмонон ба Маркази таълимӣ-истеҳсолии «Дугонаҳо» рафтанд. Тавре ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров хабар доданд, дар ҳудуди ноҳия 4 маркази таълимии қолинбофӣ ва 16 маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ фаъолият мекунанд.
Маркази таълими истеҳсолии «Дугонаҳо» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров моҳи апрели соли 2015 таъсис ёфта, то имрӯз зиёда аз 500 нафар занону духтарон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар ин марказ нозукиҳои касби матоъбофӣ, хусусан атласу адрасбофиро аз худ намуданд.
«Ҳунармандони маркази «Дугонаҳо» имрӯз истеҳсоли 22 намуд матоъ, чун карбос, катак, суфи сафед, намудҳои гуногуни адрас, аз қабили шоми Хуҷанд, адраси дугонаҳо, гули бодом, хосиятхон, намози шом, гарданбанд (шарф) ва рӯймолро ба роҳ мондаанд. Ҳар як ҳунарманд имкон дорад дар як рӯз аз 10 то 18 метр матоъ бофад. Ҳамчунин ҳунармандони ин марказ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ рафта, ба дигар занону духтарон тарзи бофтан ва рангкунии матоъ ва риштаро нишон медиҳанд»,-гуфта шуд ба иштирокдорони семинари машварати ҷумҳуриявӣ.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






