Ҷоми ҷаҳон 2018. Дастаи мунтахаби Аргентина худро дар назди мухлисонаш сафед мекунад

Ноябрь 17, 2016 12:10

Душанбе, 17.11.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Дастаи мунтахаби Аргентина оид ба футбол дар вохӯрии даври 12-уми бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар қитъаи Амрикои ҷанубӣ дар майдонаш дастаи мунтахаби Колумбияро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Ин ғалабаи аввалини Албиселесте дар чор бозии охири пайдарпай аст. Дар дақиқаи 10-уми бозӣ Лионел Месси аз зарбаи ҷаримавӣ ҳисобро кушод. Баъди 13 дақиқа Лукас Пратто голи дуюми соҳибони майдонро ба самар расонид. Анхел Ди Мария дар дақиқаи 84-ум нуқтаи охирини голзаниро дар бозӣ гузошт. Баъди ин ғалаба дастаи мунтахаби Аргентина бо 19 имтиёз ба зинаи 5-уми ҷадвали мусобиқот баромад.

Ёдовар мешавем, ки аз Амрикои ҷанубӣ ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2018, ки дар Русия мегузаранд, 4 даста роҳхат мегирад. Вале дастаи панҷум барои як роҳхати дигар бо дастаи Уқёнус қувва меозмояд.

Бозиҳои дигари ин рӯз чунин натиҷа доданд:

Перу – Бразилия – 0:2

Голҳо: Жезус, 58 (0:1); Аугусто, 78 (0:2)

Боливия — Парагвай 1:0

Гол: Г. Гомес, 78 (автогол)

Эквадор – Венесуэла – 3:0

Голҳо: Мина, 51 (1:0); Боланос, 83 (2:0); Валенсия, 86 (3:0)

Чили – Уругвай – 3:1

Голҳо: Кавани, 17 (0:1); Варгас, 45+2 (1:1); Санчес, 60 (2:1); Санчес, 76 (3:1)

Ҷадвали раддабанди дастаҳо чунин шакл гирифтааст:

 
N  Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1    БРАЗИЛИЯ 12 8 3 1 28-9 27
2    УРУГВАЙ 12 7 2 3 24-11 23
3    ЭКВАДОР 12 6 2 4 22-16 20
4    ЧИЛИ 12 6 2 4 21-17 20
5    АРГЕНТИНА 12 5 4 3 14-12 19
6    КОЛУМБИЯ 12 5 3 4 15-15 18
7    ПАРАГВАЙ 12 4 3 5 11-17 15
8    ПЕРУ 12 4 2 6 18-20 14
9    БОЛИВИЯ 12 2 1 9 10-31 7
10    ВЕНЕСУЭЛА 12 1 2 9 14-29 5

 

Ноябрь 17, 2016 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад