Ҷоми ҷаҳон-2018: Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон мақоми дуюмро аз даст дод

Ноябрь 16, 2016 16:43

Душанбе, 16.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар қитъаи Осиё даври 5-уми бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 баргузор гардид. Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар гурӯҳи «А» дар мизбонии дастаи мунтахаби Кореяи ҷанубӣ бо натиҷаи 2:1 мағлуб гардид. Сараввал футболбозони ӯзбек баъди голи Марат Бикмаев дар дақиқаи 25-ум ба сафи пеш баромаданд. Аммо бо дастгирии беш аз 30 000 мухлис дар нимаи дуввуми бозӣ  соҳибони майдон-футболбозони Кореяи ҷанубӣ бо голҳои задаи Нам Таини (67) ва Ко Йо Чол (86) ба ғалабаи ниҳоят муҳим комёб гардиданд. Баъди ин бохт дастаи мунтахаби Ӯзбекистон аз зинаи дуюм ба сеюм фаромад.

Дар ин рӯз дар гурӯҳи «А» бозии дастаҳои мунтахаби Чин бо Қатар ва Сурия бо Эрон бо натиҷаи якхелаи 0:0 анҷом ёфтанд. Мусобиқаи боқимондаи дастаҳо дар соли 2017 идома меёбад. Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «А» чунин аст:

 
N Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1  ЭРОН 5 3 2 0 4-0 11
2 КОРЕЯИ ҶАНУБӢ 5 3 1 1 8-6 10
3  ӮЗБЕКИСТОН 5 3 0 2 5-3 9
4  СУРИЯ 5 1 2 2 1-2 5
5  ҚАТАР 5 1 1 3 3-6 4
6  ЧИН 5 0 2 3 2-6 2

 

Дар гурӯҳи «В» чунин натиҷаҳо ба даст омаданд ва ҷадвали мусобиқа  чунин шакл гирифтааст:

 

Таиланд — Австралия — 2:2
 Япония – Арабистони Саудӣ — 2:1
 АМА — Ироқ — 2:0

 

 
N Дастаҳо Б Ғ М Б Т/т И
1  ЯПОНИЯ 5 3 1 1 8-5 10
2  АРАБИСТОНИ САУДӢ 5 3 1 1 9-5 10
3  АВСТРАЛИЯ 5 2 3 0 8-5 9
4  АМА 5 3 0 2 7-6 9
5  ИРОҚ 5 1 0 4 6-8 3
6  ТАИЛАНД 5 0 1 4 3-12 1

 

Ба ҳамин тартиб, ёдрас мешавем, ки аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2018, ки дар Русия баргузор мегардад, роҳхат мегиранд. Соҳиби ҷойҳои сеюми гурӯҳҳо байни ҳам қувва месанҷанд ва барои ба бозиҳои ниҳоӣ рафтан бо дастаи КОНКАКАФ  барои як роҳхати дигар мубориза мебаранд.

 

 

Ноябрь 16, 2016 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд