Ҷоми Тоҷикистон: «Истиқлол» ва «Ҳосилот» пагоҳ дар бозии ниҳоӣ бо ҳам қувва месанҷанд

Ноябрь 4, 2016 12:02

Душанбе, 04.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Фархор дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон пагоҳ дар соати 14:00 вориди майдони Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ мегарданд. Футболбозони «Истиқлол» дар таърихи худ маротибаи ҳаштум дар вохӯрии финалӣ ширкат меварзанд, ки дар ин силсила 5 маротиба ғолиб омада, ду маротиба мағлуб шудаанд. «Ҳосилот»-и Фархор баъди соҳиб шудан ба медалҳои нуқраи Чемпионати имсола бори аввал дар бозии ниҳоӣ ширкат меварзад.
Дастаҳое, ки дар 25 соли Истиқлолият соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шудаанд, инҳоянд:
1992 «Помир» (Душанбе) «Регар» (Турсунзода) 1:0
1993 «Ситора» (Душанбе) «Равшан» (Кӯлоб) 0:0. бо пеналтӣ 5:3
1994 «Равшан» (Кӯлоб) «Шодмон» (Ҳисор) 2:1
1995 «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 0:0. Аз пеналтӣ 3:2
1996/1997 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) «Хуҷанд» (Хуҷанд) 4:0
1997/1998 «Хуҷанд» (Хуҷанд) «Ранҷбар» (Восеъ) 2:1
1998 «Варзоб» (Душанбе) «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) 3:1
1999 «Варзоб» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 0:0. Аз пеналтӣ 4:2
2000/2001 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) «Варзоб» (Душанбе) 4:2
2001/2002 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) «Хуҷанд» (Хуҷанд) 3:1
2002 «Хуҷанд» (Хуҷанд) «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 3:0
2003 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) 3:1
2004 «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) «Ӯротеппа» (Истаравшан) 5:0
2005 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) «Вахш» (Қурғонтеппа) 1:1. Аз пеналтӣ 3:1
2006 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) «Хима» (Душанбе) 2:1
2007 «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) «Хима (Душанбе) 1:0
2008 «Хуҷанд» (Хуҷанд) «Энергетик» (Душанбе) 2:1
2009 «Истиқлол» (Душанбе) КМВА «Помир» (Душанбе) 3:1
2010 «Истиқлол» (Душанбе) «Хуҷанд» (Хуҷанд) 5:0
2011 «Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 0:1
2012 «Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 1:1. Аз пеналтӣ 5:6
2013 «Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2:0
2014 «Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 5:2
2015 «Истиқлол» (Душанбе) «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 2:2. Аз пеналтӣ 6:5
2016 «Истиқлол» (Душанбе) «Ҳосилот» (Фархор) ?

Ноябрь 4, 2016 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд