Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» солҳои 60 — уми асри гузашта калонтарин иншооти барқии минтақа ба шумор мерафт»

Ноябрь 18, 2016 11:21

Душанбе, 18.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» бо иқтидори лоиҳавии 240 мегаватт чорумин иншооти калони энергетикии кишвар мебошад». Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маросими оғози татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди неругоҳи барқи обии «Сарбанд»» баён намуданд.
Сарвари давлат ҳамчунин иброз намуданд, ки неругоҳ солҳои 60 — уми асри гузашта аз ҷумлаи калонтарин иншооти барқии минтақа ба шумор мерафт.
«Дар неругоҳи мазкур аз ҳамон вақт то имрӯз, яъне дар давоми қариб шаст сол ба ҷуз аз таҷдиди як агрегат дигар ҳеҷ гуна корҳои таҷдиду навсозӣ анҷом дода нашудаанд ва дар шароити кунунӣ иқтидорҳои дастраси он ба 160 мегаватт баробар мебошанд»,- афзуданд Президенти кишвар.
Ба иттилои Пешвои миллат, бо сабаби аз кор мондани низоми назорат ва танзими баландшавии об солҳои 1993 — 1994 агрегати дуюм қисман зери об монда буд. Бинобар ин, соли 2013 байни Ҳукумати кишвар ва Бонки осиёии Рушд оид ба амалӣ намудани лоиҳаи «Таҷдиди неругоҳи барқи обии «Сарбанд» Созишномаи грантӣ ба маблағи зиёда аз як миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуд.
Ҳамзамон бо ин, бо дастгирии молиявии бонки мазкур асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳа омода карда шуда, бо ҷалби ширкатҳои байналмилалӣ ҳуҷҷатҳои тендерӣ омода ва ширкати пудратчӣ интихоб гардид.

Ноябрь 18, 2016 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд