«Президент аз нигоҳи кӯдакон»: кӣ ғолиби озмуни расми беҳтарин гардид?

Ноябрь 16, 2016 17:06

Душанбе, 16.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо мақсади дарёфти беҳтарин расм дар мавзӯи «Президент аз нигоҳи кӯдакон» озмуни расми беҳтарин байни таълимгирандагони маҳфили расмкашии Муассисаи давлатии «Маркази наврасони шаҳри Душанбе» ва марказҳои эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳияҳои пойтахт бахшида ба Рӯзи Президент баргузор гардид. Дар ин бора Иброҳим Иброҳимов, муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасон» хабар дод.
«Ба озмуни мазкур 40 адад расм пешниҳод гардида, беҳтарин расм ва ғолиби озмун муайян шуд. Тибқи натиҷаи озмун ҷои якум насиби Андрей Костамаров, хонандаи синфи 11 мактаби № 54, ҷои дуюм насиби Фатҳиддин Муминов, хонандаи синфи 11 гимназияи №1, Умар Ҳамроев, хонандаи синфи 4 мактаби № 24 ва ҷои сеюм насиби Азамат Боқиев, хонандаи синфи 5 мактаби № 42- и ноҳияи Фирдавсӣ ва Нилуфар Норматова, хонандаи синфи 6 гимназияи №9 гардид»,-хабар дод манбаъ. Ғолибон бо ифтихорномаҳои Маркази кӯдакон ва наврасон ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

dsc_0174

Ноябрь 16, 2016 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе