Президенти Тоҷикистон: «Кишвари азизи мо ба давраи нави рушд ворид гардид»
Душанбе, 18.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳадафи асосии давлату Ҳукумати кишвар тавассути воридоти таҷҳизоту технологияҳои пешрафта ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, яъне таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии амалкунанда, таъсиси корхонаҳои хурду миёна ва бузурги саноатӣ, таҳкими инфрасохтор, таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум мебошад»,-зикр намуданд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар Ҷамъияти саҳҳомии «Азот»-и шаҳри Сарбанд.
Пешвои миллат афзуданд, ки дастовардҳоеро, ки то имрӯз мо ба онҳо ноил шудаем, бояд таҳким бахшем ва ба хотири расидан ба ҳадафҳои олие, ки дар назди худ гузоштаем, аҳлона заҳмат кашем. Мо Тоҷикистони азизамонро бояд дар ояндаи наздиктарин аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати саноативу аграрӣ ва давлати мутараққиву неруманд табдил диҳем.
«Доир ба дастовардҳое, ки мардуми мо бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд дар давоми бисту панҷ соли соҳибистиқлолӣ ба онҳо ноил шудаанд, дар рӯзҳои ҷашни муқаддаси миллиамон муфассал изҳори назар карда будем. Акнун мо бояд боз ҳам бештар кор кунем, зеро кишвари азизи мову шумо ба давраи нави рушд ворид гардид»,-илова намуданд Сарвари давлат.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






