Протоколи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили ҳамкории дуҷониба имзо шуд

Ноябрь 23, 2016 17:19

Душанбе, 23.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили ҳамкории дуҷониба баргузор гардид.
Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ин ҷаласа бо роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим иштирок намуд.
Ҷониби Қирғизистонро дар кори ҷаласа ноиби Сарвазир Жанеш Разоқов роҳбарӣ кард.
Дар охири кори ҷаласа Протоколи муштараки ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили ҳамкории дуҷониба имзо шуд, ки муҳтавои он вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, энергетика, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, нақлиёт, сарҳад, гумрук, кишоварзӣ, илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист, фарҳанг, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар бар мегирад. Ба Протоколи муштараки ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили ҳамкории дуҷониба муовини Сарвазири мамлакат, Раиси Комиссия аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон, Раиси Комиссия аз ҷониби ин кишвар Жанеш Разоқов имзо гузоштанд.
Тибқи мувофиқаи ҳосилшуда ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯии масоили ҳамкории дуҷониба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Ноябрь 23, 2016 17:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид