Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон дар соли 2018 баргузор мешаванд

Ноябрь 29, 2016 08:57

Душанбе, 29.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 28 ноябр Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Ивановро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Зимни суҳбати корӣ ҷонибҳо оид ба густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Беларус, ҳамкорӣ дар соҳаи санъат, фарҳанг ва тарбияи кадрҳо гуфтушунид намуданд. Мавзӯи асосии суҳбат баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 буд»,-хабар дод манбаъ.
Ҳамчунин зимни мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов ба Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода расман номаи сипоси Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Борис Светловро ба муносибати дар сатҳи баланд доир намудани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус супорид.

Ноябрь 29, 2016 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе