Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон дар соли 2018 баргузор мешаванд
Душанбе, 29.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 28 ноябр Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода Сафири фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Ивановро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Зимни суҳбати корӣ ҷонибҳо оид ба густариши муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Беларус, ҳамкорӣ дар соҳаи санъат, фарҳанг ва тарбияи кадрҳо гуфтушунид намуданд. Мавзӯи асосии суҳбат баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 буд»,-хабар дод манбаъ.
Ҳамчунин зимни мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Иванов ба Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода расман номаи сипоси Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Беларус Борис Светловро ба муносибати дар сатҳи баланд доир намудани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус супорид.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






