Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон барф ва яхбандӣ дар назар аст
Душанбе, 15.11.16. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ мекунад, ки аз 19 то 26-уми ноябри соли равон дар қаламрави мамлакат якбора паст шудани ҳарорати ҳаво ва боронҳои ба барф табдилёбанда дар назар аст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ эҳтимоли боридани барфи тар ва яхбандӣ вуҷуд дорад.
Аз ин рӯ хатари гусастани хати алоқа ва интиқоли неруи барқ, расидани зарар ба аҳолӣ, ҳамчунин афзоиш ёфтани шумораи садамаҳои нақлиётӣ ба миён меояд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар чунин рӯзҳо ҳаракати бе зарурати худро аз як ҷой ба макони дигар аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ маҳдуд созанд. Аз кӯчаву гузаргоҳҳо бо эҳтиёт ҳаракат кунанд, ба хати интиқоли неруи барқ бештар диққат диҳанд.
Агар шумо дар ҷодае ё минтақае симҳои кандашудаи барқро мушоҳида кардед, хеле зуд ба маъмурияти нуқтаи аҳолинишин дар ин бора хабар диҳед.








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






