РӮЗИ МИЛИТСИЯ ДАР КОХИ ВАҲДАТ : онҳо ба таҷлили бошукуҳи ин ид сазоворанд

Ноябрь 11, 2016 09:06

Душанбе, 11.11.2016./АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 10 ноябр, дар толори Кохи Ваҳдати пойтахт бахшида ба Рӯзи милитсия ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.

Ҷамъомадро Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода  ифтитоҳ намуда, тамоми кормандону собиқадорони милитсия ва меҳмононро бо ин ҷашни бошукӯҳи касбӣ табрику таҳният гуфт ва  ба ҳамагон муваффақияту бурдборӣ ва комёбиҳои беназир орзу намуд.

Сипас, Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров  Табрикномаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба кулли кормандони мақомоти корҳои дохилии мамлакат ба ифтихори  Рӯзи милитсия ироа намуд.

 

Зикр гардид, ки дар ҳама давру замонҳо пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад, ки иҷрои ин вазифаҳои муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст.

mvd-torzhestavo-2Кормандони далеру шуҷои милитсия дар шароити тезутунд гардидани вазъияти сиёсиву ҷиноӣ дар кишвар ҳимояи Ватан ва халқу миллатро аз ҳамаи арзишҳо боло дониста, барои таъмини ояндаи дурахшон ва зиндагии орому осудаи мардуми сарбаланди Тоҷикистон талошҳои зиёд намуданд. Таърихи мақомоти корҳои дохилӣ   пур аз саҳифаҳои корнамоӣ ва шуҷоату далерӣ мебошад, ки аз содиқ будани хизматчиёни он ба савганди касбии худ гувоҳӣ медиҳад.

Маҳз бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан даҳҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин садҳо нафар ҷинояткорони хавфнок боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Метавон садҳо нафар кормандони ба касби хеш содиқро ёдовар шуд, ки ба хотири таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар ҷони худро нисор кардаанд.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ таҳкурсии моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳамаи сохторҳои онҳо барои дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ бо таҷҳизоту воситаҳои муосири техникӣ, иншооти замонавӣ ва мутахассисони касбӣ мунтазам таҳким бахшида мешавад.

Ҳамасола таҷлил гардидани Рӯзи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ шаҳодати таваҷҷуҳи пайвастаи Давлату Ҳукумати кишвар нисбат ба ин ниҳоди муҳими давлатӣ буда, ҳар як корманди милитсияро водор месозад, ки барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва содиқ будан ба савганди худ масъулияти дучанд эҳсос намоянд.

mvd-torzhestvo-4 Барои ин, пеш аз ҳама, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бояд дорои маърифати баланд ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида бошанд, сатҳи касбии худро мунтазам такмил диҳанд ва хусусан дар шароити ноорому печидаи ҷаҳони муосир Ватани маҳбубу халқи худро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо эмин нигоҳ дошта тавонанд, яъне кафили зиндагии осудаву ороми мардум бошанд.

Дар идомаи чорабинӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта Абдулхайри Мумин, Ҷафар Ҷалолов, Толиб Абдуллоев, Амрохон Раҳимов, Садриддини Наҷмиддин, Ғизоли Иноят, Тобиш Ҳилолӣ ва гурӯҳҳои рақсии «Базморо», «Падида», «Лола», «Маҳастӣ», Филармонияи давлатии ба номи А.Ҷӯраев барномаи консертии идона доир гардид.

Бояд тазаккур дод, ки тайи чанд рӯз тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи милитсия дар тамоми гӯшаву канори мамлакат ҷараён дошта, хизматҳои шоён ва арзандаи кормандони милитсия аз ҷониби шаҳрвандон мусбӣ арзёбӣ мегардад.

 

 

Ноябрь 11, 2016 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад