Вазири корҳои дохилии ҶТ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро: «Кормандони милитсия ба савганди ёднамуда, Конститутсия ва Президент содиқ мемонанд»

Ноябрь 9, 2016 15:21

Душанбе, 09.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи иди касбии кормандони милитсия, ки пагоҳ дар саросари мамлакат бо шукӯҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад, хабарнигори АМИТ «Ховар» бо чанд савол ба вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро муроҷиат намуд.

 АМИТ «Ховар»: Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини амнияти шаҳрвандон, осоиштагии ҷомеа ва суботи давлатдориро  ҳамеша дар мадди аввал мегузоранд. Сатҳи ҷиноят, вазъи умумии суботу осоиштагии ҷомеаро дар шароити имрӯза чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Метавон гуфт, ки имрӯз мақомоти  корҳои дохилӣ  вазифаҳои ба зимма доштаи худро пурра иҷро карда, вазъи ҷиноятиро таҳти назорат нигоҳ медоранд?

Рамазон Раҳимзода: Албатта, фаъолияти ҳаррӯзаи  на танҳо мақомоти корҳои дохилӣ, балки тамоми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ дар асоси дастуру супориш ва роҳнамоиҳои  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шудааст. Рушди илму техника, фарҳангу иқтисоду иҷтимоиёт ва қишри эҷодӣ- ҳама аз осоиштагӣ, ҳамдилию ваҳдати миллӣ вобастагӣ дорад. Агар ба таври умум ба вазъи криминогении кишвар баҳо диҳем, хушбахтона, сатҳи ҷиноят дар миқёси ҷумҳурӣ паст гардида, зери назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад.

Худ шоҳид ҳастед, ки шаҳрвандон имрӯз дар фазои орому осоишта ва ҳамдилӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳаёти ҷомеаи моро ягон хатар ва таҳдиде нигарон намекунад. Агар баҳогузории вазъи имрӯзаи ҷомеаро аз ман ба сифати Вазири корҳои дохилӣ не, балки ҳамчун шаҳрванд пурсон мешудед, албатта, бо як шукргузорӣ ва ифтихори бузург аз чунин муҳити орому бехалал изҳори қаноатмандӣ  мекардам.

Дар мавриди он, ки имрӯз мақомоти корҳои дохилӣ рисолати хешро пурра иҷро карда метавонанд, тинҷиву оромӣ ва осудаҳолии шаҳрвандон худ далел ва ҷавоб ба ин савол аст. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки имрӯз милитсияи тоҷик бар зидди ҳама гуна ҷиноят мубориза бурда метавонад. Сари вақт пешгирию ошкор кардани ҷиноятҳо, новобаста аз тарзи содиршавӣ далели малакаи баланд ва ҳисси масъулиятшиносии кормандони милитсия аст.

АМИТ «Ховар»: Бо вуҷуди муваффақиятҳо ҳоло ҳам ҳодисаҳои нохуш, ба монанди аз доираҳои ваколатҳои худ берун шудани баъзе кормандони мақомоти милитсия, содир шудани амалҳои коррупсионӣ ва дигар ҷиноятҳои ахлоқӣ ба назар мерасанд. Сабабу омилҳои пайдо шудани ин гуна ҷиноятҳоро чӣ гуна метавон шарҳ дод?

Рамазон Раҳимзода: Ҳар як амалу рафтори ғайриахлоқӣ  ва ғайриоинномавии кормандоне, ки  ба нуфузи мақомот иснод меоваранд,  аз маърифати паст доштани онҳо гувоҳӣ медиҳад. Аз он лаҳзае, ки ман ба сифати Вазири корҳои дохилӣ таъйин  шудам, пеш аз ҳама, ба сатҳи саводнокӣ ва интизоми корбарии кормандон эътибори ҷиддӣ дода истодаам. Барои барҳам додани чунин омилҳои иснодоваранда, баланд бардоштани маърифат ва муайян кардани  сатҳи дониши  кормандон дар ВКД Маркази тестӣ таъсис дода шудааст. Барои таъйин ба вазифа ва ё гирифтани рутбаи навбатии низомӣ кормандони милитсия аз сирри давлатӣ ва хизматӣ имтиҳон месупоранд. Албатта, чунин тарзи кор ба интихоби кадрҳои арзанда ва дорои ахлоқу дониши баланд мусоидат мекунад. Талоши мо ҳамеша ба он равона аст, ки чеҳраи аслии милитсияро дар ҷомеа  нишон диҳем. Агар Шумо бо таҳлилҳои сотсиологие, ки аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ  ва мубориза бо коррупсия анҷом дода шудаанд, шинос бошед, сатҳи ҷиноятҳои дорои характери коррупсионӣ  дар қиёс ба дигар вазорату кумита ва идораҳо аз тарафи кормандони ВКД коҳиш ёфтааст. Мо пайваста кӯшиш мекунем, ки аз чунин омилҳои зишт сафи кормандони мақомоти милитсияро пок созем.

ramazon-rahimzoda1АМИТ «Ховар»:  Шумо дар замони шӯравӣ низ дар сафи милитсия фаъолият доштед. Тафовути фаъолияти мақомоти корҳои дохилии замони шӯравӣ ва даврони соҳибистиқлолӣ дар чист? Доираи ҷиноятҳо, хулқу рафтор ва чеҳраи ҷинояткорон дигар шудаанд?

Рамазон Раҳимзода: Аслан дар замони шӯравӣ ҷиноятҳо дар самти иқтисод бештар ба қайд гирифта мешуданд. Изофанависӣ, масрафи молу ашё ва маблағ аз ҷониби баъзе мансабдорон ва ғайра…Ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин низ ба қайд гирифта мешуданд, вале аз ҷиҳати содиршавӣ қариб якранг буданд.

Тазаккур бояд дод, ки соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба замоне рост омад, ки давлати неруманду дорои режими устувор- ИҶШС (СССР) пароканда шуд. Бо шикасти чунин як режими тавоно пайравони олами ҷиноят, бахусус гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ аз худ дарак доданд. Бо дарки чунин омилҳои хатарзо соли 1989 дар таркиби ВКД Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил созмон дода шуд. Самти асосии фаъолияти Раёсати  мазкур, пеш аз ҳама, ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, терроризм, ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон, сепаратизм, экстремизм, диверсия ва дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин нигаронида шудааст.

Дар даврони шӯравӣ чунин ҷиноятҳои хатарзо, ки  номашон дар боло зикр  шуд, умуман дар қаламрави мамлакати шӯравӣ вуҷуд надоштанд. Тафовути милитсияи замони истиқлол аз замони шӯравиро метавон аз зуҳуроти зикршуда муайян кард. Чеҳра ва характери ҷинояткорон низ вобаста ба кирдорашон аз ҷинояткорони даврони шӯравӣ ба куллӣ фарқ доранд.

АМИТ «Ховар»: Барои мақомоти корҳои дохилӣ кадом хатарҳои замони муосир аз ҳама бештар ташвишовар боқӣ мемонанд? Дар решакан кардани ҷиноятҳо шаҳрвандон ва фаъолони ҷомеа чӣ гуна саҳм гузошта метавонанд?  Чӣ бояд кард, то сокинону шаҳрвандон низ худро дар таъмини амнияту суботи ҷомеа,  нигоҳ доштани тартибу низом ва муомилаву муносибати ҷавобгӯ ба талаботи ҷойҳои ҷамъиятӣ дар қатори кормандони милитсия масъул донанд?

Рамазон Раҳимзода: Дар ин самт, пеш аз ҳама, зуҳур кардани созмону равияҳое, ки характери ифротгароию террористӣ доранд, на танҳо барои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳатто барои тамоми давлатҳои қудратманд низ ташвишовар аст ва ҳар чи зудтар пешгирию муборизаи ҷиддиро тақозо мекунад. Чунки гурӯҳҳои ҷиноятпешаи террористӣ бо тарғиботу идеологияҳои ботили худ ба шуури инсоният, бахусус ҷавонону наврасон таъсири зишт расонида,  ақидаву афкори мардумро ба зиндагии хушу озод тағйир дода, бо ин васила сафи ҳаммаслакони худро зиёд месозанд. ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт  аз роҳу усулҳои хоси оперативӣ истифодаи натиҷабахш дорад. Ҳамеша дар байни аҳолӣ чорабиниҳои фаҳмондадиҳии пешгирикунанда доир карда истодаем, то ҷавонони ҳамватани мо аз пайравӣ ва шомилшавӣ ба ҳар гуна равия ва ҷараёнҳои ситезагаро худдорӣ намоянд. Чунин тарзи ҳамкории мо бо мардум натиҷаҳои хуб дода истодааст.

Саҳм ва иштироки  шаҳрвандон низ дар пешгирии ҷиноятҳо ва ҳамкории онҳо бо милитсия рӯз то рӯз беҳтар мегардад. Метавон аз фаъолияти назарраси ҷавонони фаъолу донишманд, ки бо номи «Дружиначиёни ихтиёрӣ» шинохта мешаванд, изҳори сипос кард. Илова бар ин, ҷавонони фаъол бо мо дар ҳамкории зич қарор доранд, ки дар ташвиқи ғояҳои ватандӯстӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ба минтақаҳои гуногуни кишвар ва ҳатто ба Федератсияи Русия сафар карда, бо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик вохӯриҳо доир карда истодаанд.

Инчунин барои ҳамкорӣ ва сари вақт мусоидат кардани шаҳрвандон оид ба пешгирии ҷиноятҳо ва арзу дархости онҳо дар ВКД телефони боварӣ- 221-21-21 ва телефони «Мадад»- 19-19 шабонарӯзӣ фаъолият  доранд.  Дар  раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояту шаҳрҳо низ телефонҳои боварӣ амал мекунанд.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки пас аз таъсис додани телефонҳои ҳамкорӣ бо аҳолӣ пешгирию ошкор кардани ҷиноятҳо бо мусоидати шаҳрвандон натиҷабахш аст. Чунин натиҷаҳо, албатта, аз ҳисси баланди шаҳрвандии сокинон ва эътимоду боварии онҳо ба фаъолияти милитсия дарак медиҳад.

АМИТ «Ховар»: Шумо ба кормандони милитсия ба муносибати иди касбиашон чӣ таманно мекунед?

Рамазон Раҳимзода: Пеш аз ҳама, арзи сипоси худ ва ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилиро ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз мекунам. Воқеан ҳам сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллат аст, ки маърифати сокинони кишвар дар ҳама бахшҳо баланд гардидааст. Вақте шуури сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва мадании шаҳрвандон баланд мешавад, дар кишвар сатҳи ҷиноят паст мегардад, ки ин, албатта, ба фаъолияти шабонарӯзии мо мусоидати хуб мекунад.

Ба тамоми ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ, генералҳо, афсарону сарбозон ва прапоршикҳо, пеш аз ҳама, тандурустӣ, хушбахтию саодати рӯзгор ва поктарин садоқати ватандориро орзу мекунам.

Умедворам, ки кормандони милитсия ҳамчун фарзандони содиқи Ватан, муҳофизу пуштибони давлату миллат, ба савганди ёднамудаи худ, ба Конститутсия, ба Президент содиқ монда, бар зидди ҷинояткорӣ мубориза бурда, дар ҳифзи истиқлолияти давлат ва оромию осоиштагии диёр ҷони худро сипар месозанд.

Идатон муборак, ҳомиёни ҳуқуқ ва тартибот!

 

Акрам Сангзода

Ноябрь 9, 2016 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Имсол Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раёсати Шурои иттифоқҳои касабаи Осиёи Марказиро ба уҳда дорад
«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»