Садоқат ба Президент-садоқат ба Ватан
Душанбе, 16.11.2016./АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президент, ки 16 ноябр таҷлил карда мешавад, баргузории як зумра барномаҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ дар назар дошта шудааст.
Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, тибқи нақшаи барномаҳо, дар ин рӯз таҳияи барномаҳои фарҳангӣ дар қасрҳои фарҳанг ва боғҳои фароғатии маркази вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ташкили мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, намоиши асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китобхонаҳои марказӣ, инчунин таҳияи намоишномаҳо дар театрҳо ба таври ройгон дар назар дошта шудааст.
«Садоқат ба Президент-садоқат ба Ватан!»-таҳти чунин унвон дар қисмҳои низомӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мақомоти қудратӣ мулоқоту вохӯриҳо бо олимону сиёсатшиносон ва шоирону нависандагон ба нақша гирифта шудааст.
Хотиррасон мекунем, ки 15 апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 16 ноябр дар мамлакат ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҷлил карда мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






