16 ноябр Тоҷикистон ид дорад

Ноябрь 15, 2016 08:17

Душанбе, 15.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президент, ки 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад, баргузории як зумра барномаҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ дар назар дошта шудааст.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ин рӯз таҳияи барномаҳои фарҳангӣ дар қасрҳои фарҳанг ва боғҳои фароғатии тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин таҳияи намоишҳо дар бинои Сирки давлатӣ ва театрҳо ба таври ройгон дар назар дошта шудааст.
16 ноябр дар Китобхонаи миллӣ ва дигар китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ намоиши асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, дар осорхонаҳои ҷумҳуриявӣ ҷиҳати муаррифии осори Пешвои миллат ва асарҳои рассомоне, ки ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудаанд, Рӯзи дарҳои кушода эълон шудааст.
Дар муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла китобҳои тозанашри «Чеҳраҳои мондагор», «Забон-ҳастии миллат» ва курс-лексияҳо ҷиҳати муаррифии китобҳои Пешвои миллат, инчунин дар муассисаҳои томактабӣ озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи «Президент аз нигоҳи кӯдакон» доир мегарданд.
«Садоқат ба Президент-садоқат ба Ватан!»-таҳти чунин унвон дар қисмҳои низомӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мақомоти қудратӣ ҷамъомаду вохӯриҳо бо олимону сиёсатшиносон ва шоирону нависандагон ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин рӯз дар толорҳои варзишӣ мусобиқаҳо аз рӯи ҳама намуди варзиш баргузор мегарданд.
Хонандагони вилояти Хатлон аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ноҳияи Данғара ва Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Сарбанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар онҳо таҳсил намудаанд, боздид менамоянд.
Дар ин рӯз ҳамчунин дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо расми Президенти кишвар бо андозаҳои калон таҳти унвони «Президенти мо-Пешвои мост!» насб карда мешавад.
Хотиррасон мекунем, ки 15 апрели соли равон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуда буданд. Тағйирот ба қонуни мазкур бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст.
Мавлуда Қаландарзода, вакили Маҷлиси намояндагон зимни тавзеҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» зикр намуда буд, ки ҳамчун рӯзи ид муайян кардани 16 ноябр- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ ба шахсият вобаста нест, балки чун рӯзи такдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон, марҳилаи муҳими давлатии шурӯъ намудан ба иҷрои вазифаи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи нав қабул гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир шуд. Дар иҷлосияи тақдирсоз Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Ноябрь 15, 2016 08:17

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин