Сухани ифтитоҳии ҷаноби Клаудио Лаутитси, Директори генералӣ оид ба лоиҳаҳои байналмилалии ширкати «Салини Импре-ҷило» дар маросими бастани маҷрои дарёи Вахш
ш. Роғун, Тоҷикистон, 29 октябри соли 2016.
Душанбе, 01.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Муҳтарам намояндагон ва иштирокдорони ин рӯйдоди таърихӣ, хонумон ва ҷанобон,
Барои ман ифтихори бузург аст, ки имрӯз бо шумо дар ин ҷо қарор дорам ва имкон дорам ба ин гуна сомеони муҳтарам муроҷиат кунам. Мехоҳам ба Шумо чанд фикрамро доир ба ин рӯйдоди муҳим, ки мо бо ифтихор имрӯз дар он ширкат дорем, баён дорам: ман бастани маҷрои дарёи Вахшро дар назар дорам. Ин марҳилаи муҳими сохтмони сарбанд дар Тоҷикистон мебошад.
Пеш аз он ки таваҷҷуҳи шуморо ба оғози сохтмон ҷалб кунам, ман дар бораи сохтмони баландтарин сарбанд дар дунё сухан гуфта истодаам-иҷозат диҳед ба таваҷҷуҳи рӯзафзуни муҳтарам Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯшиш ва ибтикороте, ки ба ҳалли масоили муҳими боло бурдани некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон ва рушди устувор, бо шумули рушди саноат, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист равона шудаанд, баҳои баланди худро иброз дорам.
Рӯйдоде, ки мо имрӯз таҷлил мекунем, намунаи барҷастаи таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафарбар намудани тамоми кӯшишҳои имконпазир, воситаҳо ва сарчашмаҳо ба хотири татбиқи муваффақи ин лоиҳаи мушкил ва ояндадор мебошад.
Иҷозат фармоед таманниёт ва табрикоти некро ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ аз номи роҳбар ва молики ташкилоти мо ҷаноби Петро Салини, ки мутаассифона, натавонист моро имрӯз ҳамроҳӣ кунад, баён дорам.
Азми мо зимни сафари ӯ ба Тоҷикистон моҳи июли соли 2016 возеҳ изҳор гардида буд.
Ҳамчун намояндаи «Салини Импре-ҷило» мехоҳам минатдорӣ ва ифтихормандиро барои имкони иштирок дар бунёди чунин иншооти ҳаётан муҳим изҳор дорам.
«Салини Импре-ҷило» гурӯҳи байналмилалии саноатии махсусгардонидашуда дар бунёди иншооти инфрасохтори миқёсан азими душвор ва созмони пешбар дар ҷаҳон дар бахши гидротехникӣ маҳсуб мешавад. Теъдоди сарбандҳои аз ҷониби мо бунёдгардида, ки 257 адад мебошанд, далели гуфтаҳои болост. Аз Шумо барои эътимодатон ба мо минатдорам. Аз номи роҳбарияти ширкатамон, ҳамкасбонам, аз ҷумла аз номи онҳое, ки дар ин ҷо ҳузур доранд, Шуморо бовар мекунонам, ки ин Лоиҳа дар мадди доимии назари мо қарор дорад ва сазовори беҳтарин ҳалли муҳандисӣ мебошад. Мо ба ҳамаи ҳадафҳоям, чунон ки имрӯз аллакай ба он оғоз кардем, хоҳем расид.
Далелҳои мавҷуда собит месозанд, ки ин Лоиҳа дар рушди иқтисодӣ таъсири ҳалкунанда расонда, ба кишвар имкон медиҳад, ки дар минтақа мавқеи такягоҳиро ишғол намояд.
Ҳарчанд амалисозии Лоиҳа якчанд солро дарбар мегирад, вале ҳадафи афзалиятноки Ҳукумати Ҷкумҳурии Тоҷикистон- ин дар соли 2018 ба истифода додани 2 турбина аз 6 адади он ва ба роҳ мондани истеҳсоли неруи барқ мебошад. Чунин қарор истеҳсоли барвақтии неруи барқ ном дорад ва мо умедворем, ки ин аз ҷониби Дирексияи НБО «Роғун» муваффақона амалӣ хоҳад шуд. Он асосан аз мавриди истифода қарор додани қисми лоиҳа дар давоми сохтмон вобаста мебошад. Ин истеҳсоли барвақтӣ дар раванди тӯлонӣ қадами нахустин гардида, баъди ба анҷом расидан он дар Осиёи Марказӣ бузургтарини неругоҳи барқи обии дорои иқтидори 3 600 мегаватт, ки ба чор неругоҳи атомии миёна баробар аст, хоҳад буд.
Манфиати иқтисодӣ низ зиёд хоҳад шуд, чунки Роғун иқтидори энергетикии Тоҷикистонро дучанд месозад.
Дар пеш моро роҳи тӯлонӣ ва душвор интизор аст, вале имрӯз ин қадамро гузошта, ҳамаи мо ҳис кардем, ки бо шарофати устувории Пешвои Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёе, ки миллион сол дар маҷрои худ мерафт, имрӯз маҷрояшро иваз кард, орзуи доштани сарбанди баландтарин дар дунё дар ин ҷо- дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Раҳмати калон!








«Эмомалӣ Раҳмон – кафили субот ва пойдории истиқлоли давлатӣ». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ZET-MOBILE рушди 5G-ро идома медиҳад: истгоҳҳои нави базавӣ ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар ноҳияи Шаҳринав бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Доир ба нақши таърихии Пешвои миллат дар эҳёи давлатдории миллӣ ва таҳкими сулҳу субот ҳамоиш баргузор шуд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
ПРЕЗИДЕНТ — МЕЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ПЕШВОИ МО-ИФТИХОРИ МО. Дар вилояти Хатлон Рӯзи Президент бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-РАМЗИ САДОҚАТУ ВАФОДОРӢ БА ВАТАНИ МАҲБУБ. Дар Суди конститутсионӣ ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Академияи миллии илмҳо конференсияи илмию назариявӣ баргузор шуд
Дар Бадахшон Рӯзи Президент бо тантана таҷлил гардид






