Таҳти раёсати Сарвазири мамлакат ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи ҶТ доир гардид

Ноябрь 24, 2016 14:18

Душанбе, 24.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат — Раиси Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар кори он аъзои Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия, намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ташкилоту иттифоқҳои ҷамъиятии мамлакат ва созмону ниҳодҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 масъала, аз ҷумла, маърӯзаи Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолати иҷрои «Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020», ҳисоботи Котиби Шўро доир ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи қаблӣ, ҳисоботи Директори Агентии таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд, инчунин масъалаҳои вобаста ба қабули аъзои нав ва тасдиқи нақшаи кории Шўро барои соли 2017 иборат буд.
Сарвазири мамлакат-Раиси Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия Қоҳир Расулзода дар оғози маҷлис таъкид намуд, ки коррупсия яке аз душвортарин мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки ба пешрафти иқтисодии давлат монеаҳои зиёд эҷод менамояд.
Тавре таъкид гардид, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои мубориза бо коррупсия тадбирҳои муассиру саривақтӣ андешида шуда, фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия дар ин самт ҳамарўза ҷоннок гардонида мешавад.
Гуфта шуд, ки қабули барномаю санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқӣ, мутобиқгардонии санадҳои амалкунандаи соҳа ба талаботи низоми ҳуқуқи байналмилалӣ, таъсиси Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия дар соли 2010 ва дигар тадбирҳои саривақтии мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шудаанд, нишонаи олии таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат барои муборизаи беамон бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа мебошанд.
rustami-emomali-10premer-rt

Дар ҷаласа оид ба ҳолати иҷрои «Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020» Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ суханронӣ карда, таъкид намуд, ки Агентӣ дар давраи ҳисоботӣ барои дар амал татбиқ кардани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ошкор ва пешгирӣ намудани амалҳои коррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои мушаххасро анҷом дода, фаъолияти худро дар асоси нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва татбиқи саривақтии нишондиҳандаҳои «Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020» ба роҳ мондааст.
Таъкид гардид, ки новобаста аз тадбирҳои анҷомдодашуда то ҳол дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои миллӣ ва татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020» мувофиқи матлаб нест, ки таҳқиқоти сотсиологии гузаронидашуда аз ин ҳолат гувоҳӣ медиҳад.
Ба таъкиди Директори Агентӣ, дар баъзе сохторҳо то ҳол дар таъмини иҷрои нақшаи корӣ барои татбиқи стратегия мушкилиҳо ҷой дошта, дар баъзе ҳолатҳо бандҳои алоҳидаи Стратегияи муқовимат бо коррупсия сарфи назар карда шудаанд.
Сарвазири мамлакат — Раиси Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия Қоҳир Расулзода таҳқиқоти сотсиологии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузаронидаро аз тадбирҳои муҳим дар татбиқи пурраи нишондиҳандаҳои Стратегияи муқовимат бо коррупсия арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки ин таҳқиқот ҳолати муқовимати сохторҳои дахлдорро дар мубориза бо коррупсия, сатҳи содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва пешгирии ин амалҳои номатлубро ба аъзои Шўрои миллӣ ва дар маҷмӯъ барои ҷомеа маълум намуд.
Дар охири ҷаласаи Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аъзои Шӯроро барои татбиқи пурраи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013 -2020» ва иҷрои дигар дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифадор карда, ба Директори Агентии таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд барои андешидани тадбирҳои иловагӣ дар мубориза бар зидди коррупсия дастур дод.
Дар ҷаласа Раиси Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалист ба узвияти Шўрои миллии муқовимат бо коррупсия пешниҳод гардида, оид ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯро қарори дахлдор қабул гардид ва нақшаи кории Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия дар соли 2017 барои тасдиқ пешниҳод карда шуд.

Ноябрь 24, 2016 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба 80 хонандаи ниёзманди ноҳияи Айнӣ либоси мактабӣ тақдим гардид
«БЕҲТАРИН ШАХСИ ҲУҚУҚДОН». Таҳти чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт озмун доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Дар Маркази мероси хаттӣ бахшида ба Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Барои расидан ба саодати миллӣ бояд меъёрҳои қонунҳо риоя гардад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ сарбозони ятими кулл дар мавзеъҳои ҷолиби вилояти Суғд сайр намуданд
Аз барафрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 13 сол сипарӣ гардид
Дар майдонҳои «MegaFon Football Day: бозӣ бо ситораҳо» шуморо чӣ интизор аст?
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад