Ташкили марказҳои мустақили гармидиҳӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Б. Ғафуров
Душанбе, 19.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистон дар муассисаҳои маориф ва тандурустии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров марказҳои гармидиҳии мустақил ташкил гардиданд. Бино ба иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар 19 муассисаи таълимӣ барои гармидиҳии 274 синфхона, устохонаҳои таълимӣ, толорҳои варзишӣ ва ошхонаи мактабӣ марказҳои мустақили гармидиҳӣ истифода мешаванд.
Соли равон дар 4 муассисаи таълимӣ ва кӯдакистони рақами 8 марказҳои мустақили гармидиҳӣ фаъол гардиданд.
Дар давраи зимистон 3 бинои таълимии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30 тавассути 4 печи гармидиҳии марказонидашуда гармиро таъмин менамояд. Дар ин муассисаи таълимӣ барои кори як маҷмӯи компютер ва проектор бо саҳми хатмкунандагони мактаб 5 панели офтобӣ насб гардидааст, ки як киловатт-соат неруи барқ истеҳсол мекунад. Ин намунаи татбиқи истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия ва истифода аз усули алтернативии бо нури офтоб истеҳсол кардани энергияи барқ мебошад.
Дар соҳаи маорифи ноҳия ангишт ба андозаи меъёри талабот захира шуда, бо 67 адад генератори барқдиҳанда ва хати барқи озод таъмин мебошад.
Дар 81 маркази саломатӣ ва беморхонаҳои минтақавӣ дар ҷамоати деҳот 21 адад генератори барқдиҳанда ва 1 тоннаю 300 литр сӯзишворӣ захира карда шудааст. Ба шуъбаҳои Беморхонаи марказии ноҳия аз тариқи маркази гармидиҳии мустақил гармӣ дода мешавад.








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






