«Тоҷик Эйр»: парвозҳо ба самти Душанбе- Хоруғ бо сабабҳои техникӣ қатъ шудаанд

Ноябрь 16, 2016 10:21

Душанбе, 16.11.16. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки аз сабаби гузаронидани корҳои техникиву тармимӣ дар тайёраҳои АН28 парвозҳо ба самти Душанбе- Хоруғ муваққатан боздошта шудаанд.
Дар ин бора котиби матбуоти ширкат Азиз Хайруллоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ширкати «Тоҷик Эйр» аз ҳамаи мусофирони ин хатсайр барои боздошти парвоз ва нороҳатӣ маъзарат мепурсад.
«Парвозҳо ба самти мазкур тавассути тайёраи АН28 амалӣ мешуданд, ки иҷозатномаи дахлдор дорад. Сафарҳо ба самти Хоруғ аз аввали моҳи октябри соли равон боздошт шуданд. Навъи дигари тайёраҳо ба ин минтақа парвоз карда наметавонанд, зеро релефи душвори кӯҳӣ дорад»,-хабар медиҳад манбаъ.
Боздошти хатсайр муваққатӣ буда, ширкат нақша дорад пас аз корҳои техникӣ парвозҳоро барқарор намояд.
«Мо тамоми кӯшишро ба харҷ дода истодаем, то тартиби пешинаи парвозҳоро аз тариқи хатсайри Душанбе-Хоруғ боз ба роҳ монем. Хотиррасон мекунем, ки парвозҳо тавассути хатсайрҳои дигар бо тартиби пешина амлӣ гашта истодаанд»,-илова намуд котиби матбуоти «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев.

Ноябрь 16, 2016 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе