Зуфар Исмоилзода: «Президент рамзи давлатдорист!»

Ноябрь 16, 2016 14:27

dsc_0196Душанбе, 16.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имсол бори нахуст, баъди ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 16-уми ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин муносибат хабарнигори «Ховар» бо Зуфар Исмоилзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ мусоҳиба баргузор намуд.

АМИТ «Ховар»: Аввалан хуб мешуд, агар Шумо ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки мақоми олии қонунгузории мамлакат мебошад, мулоҳизаҳои худро оид ба заминаҳои ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» пешниҳод мекардед.

Зуфар Исмоилзода: Ташаккур. Боиси ифтихору хурсандист, ки моҳи майи соли равон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки бо назардошти хизматҳои бузурги Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳамасола 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент таҷлил карда мешавад.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки ин санаро тамоми мардуми баору номуси кишвари азизамон ҳамчун яке аз идҳои муқаддас  бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.

Барои мардуми сарбаланди тоҷик калимаи «Президент» маҳз ба шарофати хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ҳамчун як мансаби олии давлатӣ, балки чун  таҷассумгари орзую омоли неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон замоне ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги бародаркушӣ қарор дошта, хавфи аз байн рафтани давлати тозаистиқлол ба миён омада буд. Хиёнаткорону бадхоҳон бо маслиҳати хоҷагони хориҷии худ вазъи кишварро то ба он дараҷа мураккаб сохта буданд, ки тамоми шохаҳои давлатдорӣ фалаҷ гашта, бештари сохторҳои низомию қудратӣ аз иҷрои вазифаҳои худ даст кашида буданд.

Бояд гуфт, дар тақдири минбаъдаи Тоҷикистон Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ нақши таърихӣ бозидааст. Дар рӯзномаи Иҷлосияи тақдирсоз як масъалаи муҳим – интихоби роҳбари нави давлат, ки мебоист зимоми давлатдориро, новобаста аз вазъияти хеле ногувору мушкил ба уҳдаи худ гирад, меистод. Ҳамон шабу рӯз ман ҳамчун ҷанговари байналмилал бо ҳамроҳии гурӯҳе аз ҳамхизматон барои мусоидат баҳри таъмини бехатарии Иҷлосияи шонздаҳум дар Қасри Арбоб қарор доштам. Мо ба чашми худ дида будем, ки аксар иштирокчиёни Иҷлосия на танҳо аз масъулияти ба зиммаи худ гирифтани роҳбарӣ рӯ мегардониданд, балки дар вақтҳои танаффус аз камтарин сухан гуфтан худдорӣ мекарданд. Меҳаросиданд, ки мабодо сухани гуфтаашон боиси ғазаби мухолифин нагардад.

Аммо фарзанди фарзонаи миллат, инсони далеру нотарс муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз суханронии аввалинашон он қадар ҷасурона, боэътимод ва ҳадафмандона ҳарф заданд, ки дар дили тамоми мардуми сарзаминамон шӯълаи нахустини умед ба ояндаи дурахшон пайдо шуд.

Меҳру муҳаббати мардум ба вожаи «Президент» аз ҳамин суханрониҳои нахустин оғоз гардида, баъдан бо дидани заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҷонбозиҳо баҳри таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи хоҷагии халқ аз ҷониби ин шахсияти нотакрори таърихӣ калимаи «Президент» дар дилу дидаи мардум абадан ҷой гирифт.

Имрӯз Президенти Тоҷикистон барои ҳар фарду  ҳар оила, инчунин барои миллионҳо тоҷиктаборони бурунмарзӣ ҳамчун муаззамтарин инсон, Сарвари давлат ва Пешвои миллат пазируфта шудааст.

Метавон бо фахр гуфт, ки маҳз Президенти мо ҳамарӯза бо даҳҳо ҳазор аҳолӣ вохӯриву мулоқот мегузаронанд, суҳбатҳои самимӣ мекунанд, сари ятимонро сила карда, дасти барҷомондагонро мегиранд ва дар ҳалли муаммоҳои ҷойдошта сари вақт ба масъулин дастуру супоришҳо медиҳанд.

Хамин буданд заминаҳое, ки боиси ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» гаштанд.

ruzi-prezident-iftihor

АМИТ «Ховар»: Шумо дар рафти муҳокимаҳои парлумонӣ 5 хизмати бебаҳои Эмомалӣ Раҳмонро ба таври хосса таъкид кардаед. Ҳоло метавонед ин 5 хислатро пешниҳоди хонандагони «Ховар» кунед?

Зуфар Исмоилзода: Бале, якум, хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ.

Дар таърихи башарият бисёр моҷароҳои дохиливу ҷангҳои шаҳрвандӣ рух додаанд. Маҳз аз ноуҳдабароии роҳбарону сарварони худхоҳ, пуштибонии онҳо аз манфиати гурӯҳҳои алоҳида ва пойбанд буданашон ба хоҷагони хориҷӣ кишварҳои ҷангзада наметавонанд роҳи сулҳу суботро пеш гиранд.

Роҳбари дурандеши давлати мо Эмомалӣ Раҳмон аз дақиқаҳои аввали фаъолияташон танҳо ва танҳо барои манфиати халқи худ хизмат карданд. Тамоми қувваю ғайрат, ҳастии худро баҳри хомӯш намудани оташи ҷанг, истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон равона намуданд, то Ватанро аз мусибати ҷанг берун барорад. Бо роҳбарони мухолифин, қумондонҳои гурӯҳҳои хуношому ифротгаро мулоқоту вохӯриҳо дар дохилу хориҷи кишвар баргузор намуданд. Ҷони худро дар хатар гузошта, борҳо ба ҷойҳои хатарнок сафар намуданд. Барои мусоидат давлатҳои ҳамсояи дуру наздик ва ташкилотҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳониро даъват карданд. Дар натиҷаи ҳамин заҳматҳо ва ҷонбозиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакати азизамон сулҳу ваҳдати комил барпо шуд ва имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон мавриди омӯзиши ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад.

Дуюм, муайян намудани сохти давлатдории муосири тоҷик.

Маҳз бо роҳбарӣ ва ташаббуси бевоситаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мактаби муосири давлатдории  миллии Тоҷикистон ташаккул ёфт. Тибқи Конститутсияи ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Конститутсияи Тоҷикистон, ки тамоми низоми қонунгузорӣ аз он маншаъ мегирад, дар қатори панҷгонаи беҳтарин конститутсияҳо эътироф гардидааст. Бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон дар низоми қонунгузорӣ падидаи нав – таҳияи Қонуни миллӣ ба миён омад. Ду Қонуни миллии мо: «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рушду нумӯи кишвари азизамон нақши муҳим бозида, мавриди омӯзиши бархе аз давлатҳои ҳамсоя шудаанд.

Сеюм, эҳё ва таҳкими худогоҳиву худшиносии миллӣ.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам таъкид месозанд, ки танҳо фарди худогоҳу худшинос ва ватандӯсту маърифатнок метавонад дар рушду ободии Ватан ҳиссаи арзанда гузорад. Ба ин хотир бо ташаббусу дастурҳои Президенти Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳо доир шуданд ва идома доранд. Аз ҷумла, ба хотири огаҳӣ доштану ифтихор кардан аз таърихи бузурги давлатдориву  фарҳанги қадимӣ силсилаи чорабиниҳо ба монанди ҷашнгирии «1100 солагии давлати Сомониён», «2500-солагии Истаравшан», «2700-солагии Кӯлоб», «3000-солагии Ҳисор» ва ғайраҳо баргузор карда шуданд.

Ба хотири огаҳӣ ва бузургдошти мутафаккирон, шоирону нависандагони бузурги тоҷик, чун Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Камоли Хуҷандӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Ҷалолиддин Балхӣ, Имоми Аъзам ва дигарон чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмиллалӣ ташкил карда шуданд. Қадршиносӣ ва арзи сипос ба хизматҳои бузурги фарзандони сарсупурдаи халқу миллат, чун асосгузори аввалин давлати тоҷикон эътироф кардани Исмоили Сомонӣ ва ба Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур ва Мирзо  Турсунзода додани унвони Қаҳрамони Тоҷикистон,нишонаи дигари эҳёи давлатдории тоҷикон мебошад.

Хурсандибахш аст, ки ин ва дигар тадбирҳо сабаб шуданд, ки ҳисси ватандӯстию худшиносии мардум такомул ёфта, имрӯз ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ватандӯсти кишвар аз танинандоз шудани Суруди миллӣ, парафшон шудани Парчами давлатӣ ва аз ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меболаду бо меҳру муҳаббати беандоза фахру ифтихор мекунад.

Чорум, ин таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо далелу рақамҳои дақиқ оид ба пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ маълумоти муфассал медиҳанд. Рамзист, ки бисёр вақт нишондодҳоро бо солҳои 1997 ё 2000 муқоиса мекунанд, яъне бори дигар таъкид ба амал меоранд, ки асоси ҳама пешрафт ин тинҷию суботи ҷомеа аст.

Танҳо аз маблағи зиёда аз 200 миллион сомонии соли 2000 ба зиёда аз 18 миллиард сомонӣ расонидани Буҷети давлатӣ ва аз зиёда аз як миллиарду сесад миллион сомонии 15 сол қабл  ба зиёда аз 48 миллиард сомонӣ  расонидани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ин гувоҳи рушди босуботи Тоҷикистон дар марҳилаи тавсеаи буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ мебошад.

Инчунин  марҳила ба марҳила амалишавии се ҳадафи миллӣ ва касб кардани сифати нави ин се ҳадаф дар «Стратегияи миллии рушд барои солҳои 2016-2030» аз дастовардҳои бузурги кишвар ва ояндаи дурахшони кишвари азизамон дарак медиҳанд.

Панҷум, муаррифии оқилонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ.

Дар ҳама давру замон яке аз вазифаҳои муҳими шоҳ, сарвар, Президент- ин муаррифии оқилонаи давлат дар хориҷи кишвар  ба ҳисоб мерафт ва меравад. Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт  бо пешгирии сиёсати оқилонаи ҳамҷаворию муштаркулманофеъ тавре фаъолият намуда истодаанд, ки имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби обрӯю эътибори хоса буда, бо зиёда аз 150 давлати дунё муносибатҳои дуҷониба дорад ва аъзои комилҳуқуқи ҳамаи ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ мебошад.

Бо овардани қатрае аз хизматҳои шоистаи ин сиёсатмадори хирадманду дурандеш бо ифтихор метавон гуфт, ки мо Президенти мардумӣ дорем. Маҳз хизматҳои бузурги Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки пиру барнои кишвари азизамон Президенти худро дӯст медоранд, ҳурмат мекунанд ва ифтихор доранд, ки назираш дар ягон давлати дунё нест. Дар сари дастурхон, рӯзи хурсандию маъракаҳо бо дуои нек аз Худованд илтиҷо мекунанд, ки ҳамеша Президенти давлати моро дар паноҳи исматаш нигаҳ дорад.

АМИТ «Ховар»: Ташаккур барои суҳбати самимӣ.

Зуфар Исмоилзода: Аз фурсат истифода карда, шумо ва ҳамаи сокинони мамлакатро бо Рӯзи Президент табрик мегӯям, зеро рӯзи Президент аз мардум ва барои мардум аст. Зиёда аз ин Президенти Тоҷикистон рамзи давлатдории муосири тоҷикон аст.

 

Акрам САНГЗОДА

АМИТ «Ховар»

Ноябрь 16, 2016 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ